Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳалқаи муҳаққиқони номвари берунишинос Беленитский А. М., Булгаков П. Г., Матвиевская Г. П., Рожанская М. М., Семёнов А.
А., Толстов С. П., Эрман В. Э., Юшкевич А. П. қарор доштанд.
Аз солҳои 60-ум ба ин сў то солҳои 90-ум таҳқиқоти олимони Ҷумҳурии Ўзбекистон, аз ҷумла Идрисов А., Каримов У. И., Мўъминов И. М., Файзуллоев А. Ф., Ҳасанов Х., Шарипов А.
маъруфият пайдо карданд.
Шинохти Берунӣ дар Тоҷикистони шўравӣ дар оғоз ғолибан тавассути осори илмии муҳаққиқони рус сурат гирифт.
Дар ин солҳо дар Тоҷикистон таълифоти Колпаков А.
П. «Абўрайҳони Берунӣ» (Ахбороти шўъбаи Тоҷикистони АИ СССР, Сталинобод, №10, 1948, с. 44-46), Беленитский А.
М. «Лаъли Бадахшон» (дар «Асарҳои АИ Тоҷикистон», ҷ. 17, Сталинобод, 1953, с. 25-31), Семёнов А. А. «ал-Берунӣ – бузургтарин олими асримиёнагии Шарқу Fарб (Сталинобод:
АИ Тоҷикистон, 1948, 48 саҳифа) ба табъ расиданд.
Аввалин асари монографие, ки дар Тоҷикистон рўи кор омад, ба қалами Содиқов Х. У. мансуб буда, он ба пажўҳиши осори нуҷумшиносӣ, риёзишиносӣ ва ҷуғрофишиносии Абўрайҳони Берунӣ ихтисос ёфта буд. Ин асар соли 1953 дар Маскав ва соли 1957 бо таҳриру такмил дар Тоҷикистон дар хаҷми 64 саҳифа интишор ёфт. Минбаъд дар асарҳои Баҳоваддинов А. М. «Аз таърихи фалсафаи тоҷик», Fафуров Б. F. «Тоҷикон», Осимӣ М. «Берунӣ» (пешгуфтори «Китоб-ут-тафҳим»), Осимӣ М. бо ҳаммуаллифии Ҳазратқулов М. «Берунӣ», Девонақулов А. – пешгуфтор барои «Осор-улбоқия» нуктаҳои пурарзиш ва самтҳои мухталифи ковишҳои Абўрайҳони Берунӣ ба қалам омаданд.
Чунонки маълум мешавад, баъд аз асари монографии Х. Содиқов дар Тоҷикистон дар кори таҳияву нашр ва тарғиби осори Абўрайҳони Берунӣ донишманди маъруф, физик ва файласуф Муҳаммад Осимӣ заҳмати зиёд кашидааст.
Маҳз бо кўшиши ў дар Душанбе соли 1978 яке аз нодиртарин осори Абўрайҳони Берунӣ «Китоб-ут-тафҳим» ба табъ расид, ки пешгуфтори муфассали онро мавсуф таълиф намудааст.

пешина
аз 500
навбатӣ