Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Субҳоналлоҳ, ба ҳарчи дарменигарам, Нокомии хештан дар он мебинам.
8. Ситоиши бодаву май, аммо на ба хотири майгусорӣ, балки барои хуш гузаронидани умр ва ғанимат шумурдани зиндагӣ:
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад, Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хурӣ, Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.
Муҳимтарин хусусияти рубоиёти Хайёмро муҳаққиқон, пеш аз ҳама, дар ниҳояти фасоҳат ва балоғат қарор доштани каломи ў дидаанд. Каломи Хайём содаву бетакаллуф ва аз тасаннўъ дур аст. Хайём аз пайи ороиши сухан нест, тасвирҳои шоирона намеҷўяд, бештар мутаваҷҷеҳи маънист.
Ҷаҳонбинии Хайём мушаххас аст, масалан, ў сабзаро мебинад ва фикр мекунад, ки ин сабза аз хоки падарон аст, ба кохи вайроне менигарад ва ба ёд меоварад, ки ин ҷо замоне подшаҳон зистаанд, вале ҳоло макони парандагону вуҳуш шудааст.
Дигар аз хусусиятҳои рубоиёти Хайём завқи латиф ва ҳисси шадиди муаллифи онҳост. Гулу сабза, шому саҳар, осмони ситоразору резиши борон – ҳама ўро ба ваҷд меоранд.
Аз тарафи дигар, марги ҷавоне ўро чунон ба риққат меорад, ки гумон мекунед, аз пайвандони ў бошад.
Боз як хусусияти каломи Хайём дар сангинӣ ва гаронбории суханаш аст. Хайём базлагўӣ намекунад, аҳли мазоҳу мутоиба нест, бо касе кор надорад. Ў дар рубоиёташ низ ҳакимест мутафаккир ва андешаманд, беҳуда сухан намегўяд, алфози зиёдро хуш надорад. Мадорики суханаш ба ду-се матлаб аст, ки он ҳам бошад, маргу зиндагӣ, ғанимат шумурдани фурсат ва хуш гузаронидани умр аст. Бо он ки фикри Хайём ғолибан дар атрофи ҳамин мазомин гирд мегардад, беш аз нўҳ қарн аст, ки муҳаққиқон дар шинохти шахсият ва ҷаҳонбинии ў ихтилоф доранд ва ҳанўз ҳам дар андешаанд, ки Хайём сўфӣ буд ё ориф, ринду кофаркеш буд ё габру мусалмон. Ба кадом ҳалқа шомил будани ў ҳамоно таҳти тардид аст. Аммо ҳақиқати бебаҳс он аст, ки инсони вологуҳаре буд бо фарру нубуғи беназир, бо масоҳати бузурги рўҳ, бо оламе густурдатар аз олами воқеӣ, бо диле гирифтор ва моил ба сўҳбати офаридгор.

пешина
аз 500
навбатӣ