Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Инак ба масал чу кўзае об хурем,
Аз хоки бародарони пешинаи мост.
Ҳамин маъниро аз силсиларубиёти Маҳастӣ бо истифодаи аносири арбаа пай мебарем. Дар рубоиёти зерин сухан аз фанои ҷисм, зудгузар будани ҳаёти инсон ва ба хок табдил ёфтани ў рафтааст, ки низ маншаи хайёмона дорад:
Насрини ту зад парер бар ман озар,
Дӣ бод зи сунбулат маро дод хабар.
Имрўз дар обам аз ту чун нилуфар,
Фардо зи гили ту хок резам бар сар.
Дар оташи дил парер будем ба нуҳуфт, Дӣ боди сабо хуш сухане бо ман гуфт.
К-имрўз ҳар он ки обрўе дорад, Фардош ба хоки тира мебояд хуфт.
Як рубоии Маҳастӣ, ки академик Раҷаб Амоновро ба сўҳбати доманадоре ангеза дода буд, бо якчанд рубоиёти Хайём қаробат дорад:
Афсўс, ки атрофи гулат хор гирифт, Зоғ омаду лоларо ба минқор гирифт.
Симоби занахдони ту овард мидод, Шангарфи лаби лаъли ту зангор гирифт.
Раҷаб Амонов аз 18 рубоии халқӣ ёдовар шудааст, ки «аз ҷиҳати тарзи изҳори ҳиссу фикр ва тасвири ҳолати инсон ба рубоии Маҳастӣ қаробати бевосита дорад». Масалан:
Абр омаду қибларо ба якбор гирифт, Зоғ омаду донаро ба минқор гирифт.
Оҳуи сафед насибаи деви сиёҳ, Субҳоналлоҳ, олама куффор гирифт.
Дар рубоиёти Хайём низ эҳсоси таассуфу тараҳҳум ба зеҳн мерасад ва «абр» рамзи ҳузну андўҳ аст, ки бори ин маънӣ мекашад:
Абр омаду боз бар сари сабза гирист, Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрўз тамошогаҳи мост, То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист.
Чанд рубоии дигар бо вожаи «афсўс» оғоз шудааст ва аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё