Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар рубоиёти Хайём ва ҳам Маҳастӣ ишораи зиёде ба ғамкада будани ҷаҳон рафтааст, вале ҳарду низ салоҳ медонанд, ки бозиҳои фалаки шўъбадабозро бояд сабурона аз сар гузаронид ва баҳонаҳое барои шодӣ бояд ҷуст.
Хайём:
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд, Дар чарх қирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи хоки ту бихоҳанд задан, Девори сарои дигарон хоҳад буд.
Маҳастӣ:
Дар тоси фалак ҷуръаи шодиву ғам аст, Гаҳ меҳнату давлат асту гаҳ бешу кам аст.
Осуда диле бувад, ки ҳар ҷуръаи чарх, Нўшиду нанолид, агар ҷумла дам аст.
Аммо гоҳе ҳарду низ эҳсоси ҳузн доранд.
Хайём:
Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ, Пероҳани фаррухии ман чок кунӣ.
Боде, ки ба ман вазад, ту оташ кунияш, Обе, ки хурам, дар даҳанам хок кунӣ.
Маҳастӣ:
Дарёи сиришк дидаи пурнами мост В-он бор, ки кўҳ барнатобад, ғами мост.
Дар ҳасрати ҳамдаме бишуд умри азиз, Мо дар ғами ҳамдамему ғам ҳамдами мост.
Дар рубоиёти Хайём мафоҳими «кўзаву кўзагар» низ аз тасвирҳои пурғунҷоиши бадеӣ буда, ба сифати нишоне аз сабки фардии ў эътироф шудаанд:
Хайём:
Ин кўза чу ман ошиқи зоре будааст, Дар банди сари зулфи нигоре будааст.
В-ин даста, ки дар гардани ў мебинӣ, Дастест, ки бар гардани ёре будааст.
Барои Маҳастӣ низ кўза нишоне аз рафтагон аст, зеро аз хоки «бародарони пешина» сохта шудааст:
Айём чу оташкада дар синаи мост, Олам ҳама дар фасона аз кинаи мост.

пешина
аз 500
навбатӣ