Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бозаргон, ки нигаҳбони ин қафас аст, аз тўтӣ панд мегирад ва «роҳи нав» меомўзад. Ин роҳи нав мурдан ва аз нав зинда шудан дар роҳи ишқ ба Худованд аст:
Маънии мурдан зи тўтӣ буд ниёз, Дар ниёзу фақр худро мурда соз.
То дами Исо туро зинда кунад,
Ҳамчу хешат хубу фархунда кунад.
Яке аз мабоҳиси муҳиме, ки дар лобалои «Маснавӣ»
гаштаву баргашта такрор мешавад, аз дунё бигзаштан ва расидан ба ягонагӣ ва ваҳдати ҳақиқат аст, ки дар ин ҳикоя низ ба мушоҳида меояд:
Марду зан чун як шавад, он як туӣ, Чунки онҳо маҳв шуд, онак туӣ…
То ману туҳо ҳама якҷон шаванд, Оқибат мустағриқи ҷонон шаванд.
Дар ин бора устод Бадеуззамони Фурўзонфар дар «Хулосаи Маснавӣ» гуфта, ки «Мавлавӣ ва бузургони ирфон ихтилофоти башаррро нописанд медоранд ва пайваста фирқаҳои парокандаро ба ягонагиву иттифоқ ва тарки низоъву нифоқ даъват мекунанд ва аз ин ҷиҳат Мавлавӣ орзу мекунад ва гоҳ аз Худо мехоҳад, ки тафриқа ва дуиро аз миёни мардум баргирад, то халқи ҷаҳон якдилу якқибла ва якхў шаванд».
Ин нукта мароми инсонҳои башардўсти имрўз низ ҳаст, ки баъд аз 800 сол ба андешаҳои баландпояи Мавлавӣ арҷ мениҳанд ва баҳри ваҳдату иттиҳоди халқҳои ҷаҳон мисли ў талош мекунанд.
Соли 2008

НАХУСТИН ШАРҲИ ДЕВОНИ ҲОФИЗ

Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1380 = 714-786) аз шахсиятҳои мунири илмиву фарҳангӣ ва мазҳабии мост, ки бо осори мутааддиди мансур ва манзуми форсӣ ва арабӣ дар ақсои
олам шўҳрати бузург пайдо кардааст. Шахсияти боазамати ў
ва хидматҳое, ки барои густариши илму фарҳанг ва ислом ба
ҷо овардааст, номи ўро ҷовидонӣ намудааст ва ҳақ ба ҷониби

пешина
аз 500
навбатӣ