Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

аллома Иқболи Лоҳурист, ки мегўяд:
Саййидулсодот, солори Аҷам
Дасти ў меъмори тақдири умам.
То Ғазолӣ дарси «иллаҳ» ҳў гирифт, Зикру фикр аз дудмони ў гирифт.
Саййиди он кишвари минуназир Миру дарвешу салотинро мушир.
Ҷумларо он шоҳи дарёостин
Дод илму санъату таҳзибу дин.
Офарид он мард Эрони Сағир
Бо ҳунарҳои ғарибу дилпазир.
Як нигоҳи ў кушояд сад гиреҳ Хезу тирашро ба дил роҳе бидеҳ (5, 351).
Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар тўли умри пурбаракати хеш бештар аз 170 рисола, аз ҷумла, рисолаҳои хурди ирфонӣ «Машориб-ул-азвоқ», «Рисолаи фақрия», «Рисолаи зикрия», «Миръот-ут-тоибин», «Рисолаи дарвешия», «Даҳ қоидаи сўфия», «Минҳоҷ-ул-орифин», «Силсилат-ул-авлиё», «Чиҳил мақоми сўфия», «Истилоҳоти сўфия», «Одоб-ул-машоих», «Манозил-ус-соликин» ва ғайра, инчунин осори манзум муштамил бар 41 ғазал, 9 рубоӣ, 1 қитъа, баъзе абёти парокандае, ки дар батни осори мансураш сабт аст ва достони «Ҳафт водӣ» (ё «Ихтиёроти амирия»)-ро таълиф намудааст.
Дар ин мақола сухан дар бораи яке аз нодиртарин асарҳои Мирсайид Алии Ҳамадонӣ меравад, ки ба тавзеҳи баъзе вожаҳои ирфонӣ ва шарҳи як байти Ҳофиз ихтисос ёфта, вале бо баъзе сабабҳо мавриди таваҷҷўҳи муҳаққиқони ҳофизшинос қарор нагирифтааст. Ин асар «Муродоти девони Ҳофиз» ном дошта, таҳти шумораи 7763 дар музеи Бритониё маҳфуз аст ва онро бори аввал доктор Муҳаммад Риёз дар китоби «Аҳвол ва осору ашъори Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (бо шаш рисола аз вай)» тавассути Маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон соли 1980 дар Исломобод ба табъ расонидааст ва соли 1994 дар Тоҷикистон дар ҷилди аввали осори чаҳорҷилдаи «Мирсайид Алии Ҳамадонӣ» ба хатти кириллӣ таҳия ва чоп шудааст.
Бино ба қавли Муҳаммади Риёз, ин рисола дар васати «Дебочаи Гуландом бар девони Ҳофиз» ва «Девони Хоҷа Ҳофиз» (Ҷамъоварии муосири вай Хоҷа Муҳаммади Гуландом) қарор дорад, ки зоҳиран мунҳасир ба фард аст (1).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё