Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъдтар тағйироти муҳити адабию иҷтимоӣ ва ивазшавии наслҳо ин ҷараёнро тезонида, эҳтиёҷ ба маъникушоӣ ва тафсир рў ба афзунӣ мениҳад. Сониян, пайдоиши шурўҳи ҷомеъ низ қонуниятмандии худро дорад, ки мутобиқи он баъди таълифи асари муайян бештар аз як қарн лозим мешавад, ки шарҳи ҷомеаш ба қалам ояд» (6, 184).
Мўҳтавои рисолаи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ гуфтаи фавқро тасдиқ мекунад, зеро он фарҳангномаи мухтасари калимоти Ҳофиз ва шарҳи танҳо як байти ў, инчунин шарҳе бар ному тахаллус ва муршидони шоирро фаро гирифтааст. Ин рисолаи кўчак, ки аз 10 саҳифа иборат аст, мавсум ба «Муродоти девони Ҳофиз» буда, вожаи «муродот» ҷамъи «мурод»
тавзеҳ мешавад ва маънӣ шарҳи матолиби девони Ҳофиз аст.
Хубии кори мураттиб ва муҳаққиқ доктор Муҳаммад Риёз дар он аст, ки ба ғайр аз таҳлили мухтасари ин асар дар китоб матни тасвирнамо (факсимиле)-и рисоларо манзур намудааст. Дар тавзеҳот он нукта қобили таваҷҷўҳ аст, ки: «Шарҳи матлаи ғазали мазкур ва матолибе дар бораи исму лақаби Ҳофиз низ дар бораи падару муршидони ў ва ғайра ба зоҳир ба қалами ҷомеъ (Муҳаммад Гуландом ё ғайра) аст ва фақат истилоҳот ва муродоти ирфонии Ҳофизро аз гуфтори Мирсайид Алии Ҳамадонӣ нақл кардаанд ва ин муродот ғайр аз истилоҳот ё мусталеҳоти сўфия» таълифи Алии Ҳамадонӣ аст (шумораи 29 аз осори форсии ў) ва соири муродот бо он рисола ихтилоф дорад ва гўё Алии Ҳамадонӣ ин рисоларо ҷудогона навишта ё ба муридони худаш имло кардааст. Аз вуҷуди нусхаи дигари ин муродот феълан хабаре надорем ва мўҳтамилан нусхаи мунҳасир ба фард аст» (4, 176) ва дар поёни тавзеҳоти худ муаллиф бори дигар таъкид мекунад, ки «Муродоти девони Ҳофиз аз Алии Ҳамадонист ва шарҳи байти Ҳофиз мўҳтамилан аз ҷомеи муродоти муриди Алии Ҳамадонӣ». Зимнан ҷои таъкид аст, ки «Муродоти девони Ҳофиз» бо нақли гуфтори Мирсайид Алии Ҳамадонӣ шурўъ мешавад ва аз матн маълум нест, ки иқтибоси сухан то куҷо идома мекунад. Эҳтимол, тамоми матн нақли гуфтори Мирсайид Алии Ҳамадонӣ бошад.
Оғози матн чунин аст: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Тарҷумаи

пешина
аз 500
навбатӣ