Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар иртибот бо «Муродоти девони Ҳофиз» бояд гуфт, ки ин асар воқеан ҳам дар замони зиндагии Ҳофиз иншо шудааст, зеро чунонки аз санаҳои зиндагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1380) ва Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ (1325-1389) маълум мешавад, Амири Кабир тақрибан 9 сол пеш аз Ҳофиз ба дунё омадааст. Ба гумони ғолиб, онро ба хотири шинохти беҳтари Ҳофиз аз забони ў муридонаш навиштаанд ва табиӣ, ки баъди таълифи он шоир ҳадди ақалл 9 соли дигар зистааст.
Аз таълифоти шарҳшиносони Ҳофиз бармеояд, ки ин рисола мавриди назари онҳо қарор нагирифтааст. Чунончи, устоди шодравон, муаллифи «Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик» профессор Абдулманнони Насриддин дар бахши «Шарҳи осори манзум» осори даҳҳо шореҳон, аз қабили Шайх Ҷамолиддин Алии Исфароинӣ маъруф ба Шайхи Озарӣ (1382-1462), Ҷалолиддини Давонӣ (соли вафот 1502), Сайфиддин Абулҳасани Абдурраҳмон (Хатмӣ) (асри ХVII), Мавлоно Бадриддини Акбарободӣ (асри ХVIII), Сайид Муҳаммади Ваҳбӣ, Афзали Аллоҳободӣ, Убайдуллоҳи Хешакии Чиштӣ, Баҳлул ибни Мирзохони Баракӣ, Мавлоно Бадриддин, Содиқалии Лакҳнавӣ ва шарҳҳои туркии Сурурӣ, Шамъӣ, Судии Буснавиро мавриди баррасӣ қарор дода, давра ба давра рушд ёфтани шарҳнависиро бар девони Ҳофиз ёдовар мешавад, вале дар миёни шореҳон номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ба назар намерасад. Ба андешаи мо, сабаби аз назари муҳаққиқон дур мондани ин асар шояд, аз як тараф, на аз ҷониби худи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, балки ба нақл аз ў таълиф шудани асар бошад, аз ҷониби дигар, маҳз бо ҳамин сабаб зиёд иштиҳор наёфтани он менамояд. Аммо бо вуҷуди шарҳи танҳо як байтро фаро гирифтани «Муродот» имкон дорад, ки онро ба унвони шарҳи Ҳофиз қабул намоем ва дуруст будани ин нуктаро андешаи профессор Абдулманнони Насриддин роҷеъ ба марҳалаҳои шарҳнависӣ ва хусусияти онҳо собит мекунад.
Чунончи эшон зикр карда, ки: «Шарҳнависӣ бар ашъори Ҳофиз аз тафсиру таъвили байтҳои ҷудогонаи ў оғоз ёфтааст, ки як зуҳуроти қонунӣ маҳсуб мешавад. Зеро барои муосирону иддаи пайвастагоне, ки ба замони зиндагии шоир наздиканд, одатан танҳо байту ғазалҳои алоҳида мушкилфаҳм буданашон мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё