Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ашъори андарзӣ маъмулан дар қолаби қитъаву маснавӣ ва рубоӣ ба қалам омадааст ва аз он чи дастрас аст, маълум мешавад, ки ситоиши некиву накўкорӣ, илму дониш, ҷавонмардӣ, ростгароӣ, ҳунармандӣ, бетамаъ будан ва дигар фазилатҳои инсонӣ мавриди таваҷҷўҳ будааст.
Дар шеъри ин давра ситоиши хирад ва дониш тарҷеҳ дорад. Аз Рўдакӣ то Фирдавсӣ ҳама хирадгаро буданд. Чунончи, Рўдакӣ гўяд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ашъори мадҳия дар замони Сомониён эътибори зиёд дошт ва бо назардошти он ки аксари шоирон ба дарбор рафту омад дошта, бархе аз муқаррабону вузаро низ аз ин миён буданд ва ғолибан барои мадҳияҳои хеш аз мамдўҳон силаҳои бағоят бузург мегирифтанд (буни Рўдакиро чорсад шутур мекашид, дегдони Унсурӣ аз нуқраву асбоби рўи хонаш аз зар буд), ин навъи шеър хеле ривоҷ ёфта буд. Бадеҳист, ки сабки ин навъи шеър ташбеҳу тавсиф ва истиораҳои пурмуболиғаро тақозо мекард ва услуби мўҳташам, калимаҳои ифодагари эҳтирому арҷгузорӣ ва ситоишу васфу мадҳ дар бунёди онҳо гузошта мешуд.
Баръакси ин навъи шеър дар ашъори ҳаҷвӣ, ки он ҳам мисли мадеҳа аз шеъри араб сарчашма гирифта буд, мазаммату накўҳиш ва гоҳе дашноми қабеҳ низ тору пуди онро мўҳкам медошт. Ба фикри Муҳаммадҷаъфари Маҳҷуб, «дар оғози кор дар ҳаҷв низ монанди мадҳ ҷониби эътидол риоят мешуд (чунонки, араби ҷоҳилӣ низ дар ҳаҷв эътидолу инсофро манзур медошт) ва шоирон дар ҳиҷо гуфтан низ мекўшиданд аз тариқи миёнаравӣ ва баршумурдани сифоту саҷоёи накўҳидаи муҳавваҷи хеш фаротар нараванд» (8, с. 84-85).
Риояти эътидол, дар ҳаҷву ҳазл аз ҳад нагузаштан меъёри одоби шоирӣ ҳисоб мешуд ва, бинобар ин, абёти беадабонаву фаҳш дар давраи Сомониён хеле кам дучор меояд.
Онҳое, ки мавриди мазаммати шоирон гаштаанд, маъмулан душманони мамдўҳон ё бадхоҳони худашон ва гоҳе ҳампешаву ҳамқаламонашон буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё