Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Рўзе дар ҳолати инбисот султон худ ин маънӣ изҳор кард ва фармуд:
Соқӣ, ҳадиси Сарву Гулу Лола меравад…
Ҳарчанд хост, то мисраи дигар гўяд ва байтро тамомӣ расонад, асло ба хотир наёмад. Шуарои замона, ки дар хидмати подшоҳ ҳозир буданд, ин мисраъро бар эшон зоҳир сохт.
Ҳеч як ба итмоми он напардохтанд. Ҳама муттафиқ шуда, маърузи ҳазрати султон доштанд, ки дар ин вило дар Шероз шоирест бағоят фасеҳу бениҳоят балеғ…» Идомаи нақл шабеҳи қиссаҳои дигар аст, ки ба Хоҷа муроҷиат карданд ва ў ғазали шевое навишт. Сухан дар бораи ғазалест, ки матлааш байти боло ва мақтааш байти зерин аст:
Ҳофиз зи шавқи маҷлиси Султон Ғиёсиддин, Ғофил машав, ки кори ту аз нола меравад.
Ба назари мо нуктаи қобили таваҷҷўҳ дар идомаи матлаби Хешакии Чистист: «Ва баъзе аз афозил гуфта, ки «салосаи ғуссола» – мурод аз се пиёла бошад, ки ҳукамо онро дар вақти хуфтан ва субҳ муқаррар намудаанд ва аксари муоширон, ки солики тариқати ҳукамо бошанд, эшон ҳамин маъноро маръӣ медоранд ва сифати ғуссола он аст, ки ин ҳар се пиёла поккунандаи диланд аз фикри фосид ва бухл ва ғайру золика.
Тақрири маъно он аст, ки «эй соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола дар афвоҳ меравад, яъне, сарву гулу лола тамоми тозагӣ ба ҳам овардаанд. Чун ин ҳолат муқтазои шароб аст, пас ин баҳс ба ихтиёри салосаи ғуссола меравад» (6, 1, 186).
Чунонки мушоҳида мешавад, Убайдуллоҳ Хешакии Чиштӣ таркиби «салосаи ғуссола»-ро бо пиёла мепайвандад ва тафсири онро ба «баъзе афозил» нисбат медиҳад.
Истихроҷи маънии «тозагии ботинӣ»-ро аз «се пиёла» дар рисолаи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ низ дучор омада будем, бинобар ин, ҳадс задан мумкин аст, ки Хешакии Чиштӣ бо мазмуни шарҳи Ҳамадонӣ ошно буд.
Шабеҳи ҳамин шарҳ дар шурўҳоти дигар низ ба назар мерасад. Чунончи, доктор Ҳусайналии Юсуфӣ дар шарҳи матлаи ғазали мазкур менависад: «Эй соқӣ, сухан аз гулу сарву лола дар миён аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё