Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ин сухан бо ҳамроҳии салосаи ғуссола хуштар ва беҳтар ҷараён меёбад. Мақсуд аз салосаи ғуссола (се шўянда) шароби субҳгоҳӣ аст, ки се косаро якҷо менўшидаанд ва зоҳиран барои шустушўи меъда муфид будааст. Бинобар ин, мегўяд: сухани сарву гулу лола – яъне, зебоиҳои табиат – бо ҳамроҳи шароб – се ҷоми субҳгоҳӣ дилнишинтар аст» (1, 395).
Нуктаи дигари қобили таваҷҷўҳ дар «Муродот» – шарҳи исму тахаллус ва маълумот дар бораи муршидони Ҳофиз аст:
«Ва Ҳофиз тахаллус аст ва Шамс – мурод Ҳофизи Фатҳуллоҳ ва истимоъ чунон шуд, ки омӣ буд ва каломаш лисон-ул-ғайб аст. Ў масти соқии лам язил бувад ва мўҳтасиб – мурод зоҳидону сўфиён, ки монеи Хоҷаанд. Ва муршиди Хоҷа се касанд
– ҳазрати Шайх-ул-ислом Шайх Аҳмади Ҷом ва дувум – Ҳоҷӣ Қивомиддин ва севум – Шайх Шаҳобиддин ва маҳбуби маҷозии ў низ се кас бувад: Суламӣ ва Хоҷа Абдулсамад ва Осаф.
Ва падари бузургвори Хоҷа муфтии мўътабари Шероз буданд» (4, 88).
Ба назар чунин мерасад, ки дар «Муродот» ҳамаи вожаҳои калидии шеъри Ҳофиз аз назари Мирсайид Алии Ҳамадонӣ шарҳ ёфтаанд ва ҳатто дар сурати қисман мансуб будани ин шарҳ ба ў ҳам, ҷои шак нест, ки муридонаш ҷаҳонбинии ўро дарёфтаву пазируфта ва аз номи ў ба қалам додаанд. Дар шарҳи вожаҳо намунае аз сабки ў, ки нишонаҳои он мўъҷазбаёнӣ ва ҷумалоти кўтоҳ аст, ба мушоҳида меояд. Чунончи, дар тафсири «ишқ» гўяд: «Ишқ – мурод фонӣ шудан дар муҳаббати ҳақ таоло аст ва бехабар гаштан аз ҳастии худ ва ишқ комил он гаҳ шавад, ки ду-се чиз намонад: аввал – ақл, дувум – шарм, савум – қарор» (4, 88).
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки «Муродоти девони Ҳофиз» дар замони зиндагии Хоҷа ба қалам омада, дар он шарҳи як байти Ҳофиз ва мусталеҳоти ирфонии мавриди истифодаи ў, шарҳи исму тахаллус ва маълумот дар бораи муршидони ў омадааст ва Мирсайид Алии Ҳамадонӣ бо ҳама бузургӣ аз иродатмандони Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ буда, қабл аз шарҳи ў шарҳи дигаре дар адабиётшиносӣ зикр нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё