Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Маънии ғариб тавассути тасвирҳои нодир. Шайх Камол дар ғазалиёташ маъмулан аз он тасвирҳое истифода бурдааст, ки дар ашъори шуарои дигар низ мукарраран ба кор рафта. Чунончи, сарву маҳ, каъбаву бутхона, зулфу чашм, даҳону миён, гулу булбул, шамъу парвона, тўтиву шакар, ҷону дил, ҷому май ва амсоли ин дар шеъри форсӣ касрати истифода дорад. Аммо тахайюли тавонои ў ин тасвирҳоро чунон бо латофати маънӣ ва зевари сухан ороста, ки хонандаро ба ҷуз ангушти ҳайрат газидану қоил мондан чораи дигаре нест.
Хоса, ҳини тасвири хубии маъшуқ Камол иғроқ ва ғулувви фаровон ба кор мебарад. Аксари тасвирҳои ў ба ҳаддест, ки ба он наметавон чизе афзуд:
Ба холат нисбати мушки Хито кардам, хато кардам,
Ман ин ташбеҳи бе нисбат чаро кардам, чаро кардам.
Маҳ нест ба андозаи рўи ту, ки дар ҳусн
Афзунӣ аз андозаву берун зи қиёсӣ.
Симинбаданӣ, сарвқадӣ, пистадаҳонӣ,
Ҳар васф, ки ояд ба даҳонам, беҳ аз онӣ.
Ширинлабӣ, шакардаҳанӣ, сарвқоматӣ, Кўтаҳ кунам ҳадис, ба хубӣ қиёматӣ.
Чунон ки мебинем, шоир дар васфи маъшуқ ҳама гуна тавсифоту ташбеҳотро ноқис ва норасо мешуморад. Бо ин ҳама бунёди аксари тандисҳои Камол бар ташбеҳоти акс ва тафзилӣ қарор доранд. Яъне, шоир нахуст маъшуқи худро ба чизе қиёс мекунад ва аз ин муқоиса хиҷил шуда, афзалияти ўро зикр менамояд. Хусусияти сабки инфиродии Камол дар он зоҳир мешавад, ки ў ҷурму норасоии ташбеҳшавандаро нишон медиҳад ва афзалияти маъшуқро собит менамояд.
Чунончи, агар ба тасвири сарв, ки дар ғазалиёти Камол фаровон ба кор рафтааст ва зоҳиран хеле обшуставу мукаррар аст, мувоҷеҳ шавем, тозагии нигоҳи шоирро бе душворӣ пай мебарем.
Дар тасаввури шоир сарв дар қиёс бо қади маъшуқ паст буда, ҷои он аст, ки ў ростиву мавзуниро аз маъшуқ биёмўзад.
(«Сарвро ростӣ аз қадди ту мебояд хост», «Ин ҷо сухани сарв нагўем, ки паст аст).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё