Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар маҷмўъ, сарв ҳаргиз наметавонад бо ёр ҳамсанг бошад:
Ҳазор сарв, ки дар ҳадди эътидол барояд, Ба қоматат нарасад, гар ҳазор сол барояд.
Шоир сарви сиҳиро барои ҳавобаландӣ таъна мезанад ва ҷурми ўро, ки пои чўбин дорад (пои чўбин маъмулан нишони ланг будан аст ва лутфи сухан он ҷост, ки сарв воқеан ҳам саропо чўб аст) борҳо таъкид мекунад:
Пеши қадди ёрам, эй сарви сиҳӣ, шарме бидор, Дар чаман бо пои чўбин сарбаландӣ то ба кай?
Сарв мехост ба побўси ту ояд чун об, Лек аз ҷў натавонист ба як по бигузашт.
Ҷои дигар сарв бо дидани қомати мавзуни ёр аз ҳасад девона мешавад:
Сарв девона шудаст аз ҳаваси болояш, Меравад об, ки занҷир ниҳад бар пояш.
Одатан сарв дар лаби ҷўйбор мерўяд. Шоир ин воқеиятро чунон тобиши маъноӣ додааст, ки гўиё об дар ҷўйбор ба он хотир мешитобад, ки пойҳои сарви аз ҳасад девонагаштаро бубандад.
Гоҳе сарв аз беҳаёӣ даъвои баробарӣ бо маъшуқ мекунад, ки барои ин гунаҳ сазояш сўхтан дар оташ аст:
Бо ту ҳар сарв, ки аз бод ба даъвӣ афтод, Боғбонон сўи оташ бикашанд аз чаманаш.
Ҷои дигар низ ба беасос будани даъвои сарв ишора мекунад, зеро солҳо гузаштаву ростии он даъво ҳанўз ҳам исбот нашуда. Сарв набояд ёрои баробарӣ бо ёр бикунад ва ҳар ҷо ки сухан аз қомати дилбар равад, ў бояд аз шарму хиҷолат чун соя худро ба каноре бикашад:
Сарв бо қадди ту даъвои латофат мекард, Солҳо гарчи баромад, нашуд он рост ҳанўз.

Ҷои он аст, ки чун соя равад сарв зи ҷой,
Гар бигўянд ба бўстон сифати болояш.

Сарв ҳарчанд ки дорад ба чаман зебоӣ,
Ростӣ, несташ ин қомати ширинҳаракот.

пешина
аз 500
навбатӣ