Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарви баландпояро ин ҳама роз кай расад,
Пеши дарахти қоматат гар накунад фурўтанӣ.

Ончунон зору низор аст зи савдот, Камол, Ки чу моҳи нав аз абрўи ту ангуштнамост.
Барои хуршеду моҳ бо ҳама баландии маснад камтарин шабоҳат ҳам мояи ифтихору шодмонист:
Нисбати рўи ту карданд ба моҳ, Моҳ чархе бизад аз шодии он.
Ташхиси «аз хурсандӣ чарх задани моҳ» намое аз ҳолати инсонист, ки аз хушхабари ногаҳонӣ даст медиҳад. «Аз хурсандӣ сари моҳ ба осмон расиданаш» низ бо ҳамин усул ҳосил шудааст, аммо ин ҷо лутфи сухан дар духўрагии маъно низ ҳаст:
Чунин ки нисбати рўи ту мекунанд бо маҳ, Чи гуна аз ту сари ў ба осмон нарасад.
Ҳамин тариқ, таваҷҷўҳ ба маънипардозӣ дар заминаи тасвир вежагиҳои ҳунари шоирро аз қабили тасвирҳои ғайриинтизору парадоксӣ, ташбеҳоти аксу тафзилӣ, зарофати сухан ва тозагии нигоҳ падид меорад.
Мушаххасоти сабкии ғазалиёти Шайх Камолро аз чеҳраҳои пушти шеъри ў низ метавон мушоҳида кард. Таносуби маъмулии «ошиқ», «маъшуқ» ва «рақиб» дар шеъри Камоли Хуҷандӣ низ заминаи асосии тасвирҳост. Чеҳраи маъшуқ дар ғазалиёти Камол мисли бонуест сангиндилу бераҳм ва пур аз карашмаву ноз, аммо дар баробари ин ба ҳадде олишон, ки касе наметавонад ба пояи ў бирасад. Дар сифати ў тамоми имкониятҳои суханварӣ аз муболиға то ғулув ба кор рафтааст.
Шоир ғолибан маъшуқро ба касе монанд намекунад, балки дар дигарон шабоҳате аз ў меҷўяд.
Симои «ошиқ»-и Камол бо он имтиёз дорад, ки ҳаркӣ ва ҳарчиро, ки даъвои ҳамсангӣ бо ёр дорад, танбеҳ медиҳад ва сахт мекўшад, то касе ба он маъшуқи ягона ҳаваси монандӣ ё хешӣ накунад:
Шамъ мехост, ки ронад сухан аз хилвати роз, Нек будаш, ки баромад ба даҳан сўхтанӣ.

Чу гул ба лутфи ту зад лофи нозукандомӣ,
Дарид пераҳани некўӣ ба бадномӣ.

пешина
аз 500
навбатӣ