Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чашм дорӣ, эй кабўтар, ин чӣ густохист боз,
Номае, к-он ҷост номи ў ба пар бардоштан.

Ба ҳусн оина мегўяд, ки ҳастам чун маҳи рўяш,
Ман он рўсахтро бо дўст хоҳам рў ба рў кардан.

Рост нокарда забон хост қалам номи ту бурд,
Бандаш аз банд ҷудо кардаму сар бибридам.
Агар маъшуқ дар мартабаи хубии беқиёс бошад (чунонки то ин дам ба мушоҳида омад), ошиқ дар муқобили ў дар ниҳояти залиливу забунӣ қарор дорад. Ба ин маънӣ тасвири нисбатан нодири «саг» дар ашъори Камоли Хуҷандӣ зиёд коргар шудааст. Ҷои шак нест, ки шуарои зиёде то Камол ва баъди ў низ хешро дар баробари маъшуқ ғулому чокар ва ҳақиру гадо ба қалам овардаанд. Ба қавли Эраҷи Гулисурхӣ «ў нахустин кас нест, вале ин густурдагиро, ки Камол дар шеъри худ ба мавзўи бардагии виҷдон додааст, назди дигар шоирони ҳамасри ў ва ҳатто баъд аз ў наметавонем биёбем».
Аз ин нуқтаи назар шуаро хешро мукарраран «хоки кўи ёр», «гадои дари маъшуқ», чокар, ғулом, саг ва ғайра гуфтаанд. Хусусияти услубии истифодаи вожаи «саг» дар ашъори Камол дар басомади он ва изҳори ҳақорати хеш дар ҳадди ғулув зоҳир мешавад. Яъне, агар барои шоирони дигар ҳадди олии тасвир ғуломии ёр бошад, барои Камол дар хидмати саги ёр будан баробар ба орзуи подшаҳист:
Маро ҳаст аз сагаш ҳам чашми ёрӣ,
Гадоро орзуи шаҳриёрист.

Гар мартабаи хидмати сагбони ту ёбам,
Фармони сагонат бараму ор надорам.

Сагам мехонаду мехоҳадам узр,
Саге бошам агар дорам аз ин нанг.

Сар бар дари туам, бинигар сарбаландиям,
Эй, ман саги ту, авф кун ин худписандиям.

Камол, дар саги кўяш улувви ҳиммат бин,
Ки ор оядаш аз ҳамдамиву ёрии мо.

пешина
аз 500
навбатӣ