Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Ай ёраки бодобод, кай меёӣ?1
Монандаи абру бод, кай меёӣ?
Ман такя ба девори ту шиштум ба умед,
Савдогари Калгарӣ ту кай меёӣ?
Бубин ин осиёби зиндагиро чарх мегардад,
Гаҳе ширину зебо, гаҳ чу ревзак талх мегардад.
Агар дорӣ ту ақлу ҳуш, нигар бар он зи дил берун,
Агар бар дил бигирӣ, сар зи ҷабраш сарғ мегардад.
Дар сардараҳо Малак сайёдӣ мекард,
Бо пусти паланг пайсабозӣ мекард.
Кас нест хабар барад ба устоди азал,
Каргас ба сари синааш норӣ мекард.
Бунавшаро бубин, ки бар сари кӯҳсор аст,
Бар гирди бунавша ҳар гули бисёр аст.
Монанди бунавша гул наруяд ба замин,
Аслу насаби бунавша аз кӯҳсор аст.
Дунёра чӣ ҷои бевафо мебинум,
Худро зи ғарибони Худо мебинум.
Шахсе дидам, ки моли Қорун дорад,
Дар хонаи охират гадо мебинум.
Саркӯҳи баланд шикори оҳу чӣ ба кор?
Бар пеши аҷал қуввату бозу чӣ ба кор?
Нуқрози аҷал таноби умрам бибурид,
Сар дар болин, табибу дору чӣ ба кор?
1 Гӯянда: Бибигавҳари Амонбек (1926), сокини шаҳри Калгарии Канада, зодаи Ғоронболои Бадахшони Афғонистон. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2012.
Қади баланди алифнамота садқа,
Дандони дурри садафнамота садқа.
(Ҳ)аргаҳ, ки ба ноз меравӣ рӯи замин,
Ҷои қадам(ҳ)ову хоки пота садқа.
Сад кош, ки мисли боша пар медоштум,
Рӯзе сад бор аз ту хабар медоштум.
Ту бошаи навҷуҷаву ман сайёдат,
Сад кош, ки бошаро бо худ медоштум.
Аз мулки падар сабоҳи мардон рафтум,
Бо сад аламу ду дида гирён рафтум.
Аз ҷаҳти бародарони каммеҳру вафо,
Охир ба ғарибиҳо пурармон рафтум.
Ман банда ба чашмҳои сермижаи ту,
Ё банда ба абрӯвои пайвастаи ту.
Аз ёрам ҷудо шудум аз боиси ту,
Хок бар сари ҷурагии якрӯзаи ту.
Қади алифам ҳамеша хам бошаду хам,
Андар дили ман мудом ғам бошаду ғам.
Дунёра агар дубора ғалбел зананд,
Монанди ту бевафо кам бошаду кам.
Гул ба садафу садаф ба дарё ташна,
Аз ҷаҳти садаф булбули гӯё ташна.
Мо ташна будем, миёни об афтодем,
Об аз сари мо гузашту лабҳо ташна.
Булбул наям, ки нола кунум, дарди сар кунум,
Қумрӣ наям, ки қум-қум дар гирди сар кунум.
Парвона наям дар шуълаҳо ҷон бидиҳам,
Шамъам, ки месӯзам ба кас дам надиҳам.
Ситораҷалону моҳҷалон аст имшаб,
Парвин ба миёни осмон аст имшаб.
Парвин, ту бирав ба ҷои худ сокин шав,
Ёрам ба канори нокасон аст имшаб.
Ёрону бародарон, маро ёд кунед,
Тобути маро зи чуби шамшод кунед.
Шамшод шиканад оҳану пӯлодро,
Ба хоки сиёҳ монеду фарёд кунед.
Ман мераваму намеравад ҳамраҳи ман,
Торик шудаст дашту биёбон раҳи ман.
Шерони ҷаҳон наъра зананд бар сари ман,
Ман наъра занам, куҷо шудаст ҳамраҳи ман.
Ситора ба боми мо қатор омаду рафт,
Шоҳзода ба кӯҳи мо шикор омаду рафт.
Мардум меган ӯ ба чӣ кор омаду рафт,
Дилгир шудаст, дидани ёр омаду рафт.
Дарди сари ман зи дарди дандон батаруст,
Хоби саҳарӣ зи кандани ҷон батаруст.
Ҳар кас, ки ба хоби саҳарӣ дил бандад,
Аз кофару габру номусулмон батаруст.
Сиррест, ки донои Малак медонад,
Чун мӯя ба мӯй, як ба як медонад.
Ба халқи ҷаҳон агар кунум тадбире,
Бо ӯ чӣ кунум, ки як ба як медонад.
Эй бародар, хоки поят тутиё,
Гар ту моро дӯст медорӣ, биё.
Ман, ки мурдам дар фироқи рӯи ту,
Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё.
Эй гулбадани бадангули гулдаста,
Ними ҷигарум бо ҷигарут пайваста.
Ҳар кас, ки маро аз ту ҷудо мехоҳад,
Баргард биё, дари ҷудогар баста.
Дилум дарду дилум дарду дилум дард,
Қумочи тайаловӣ, руғани зард.
Дилум решу дилум решу дилум реш,
Қумочи тайаловӣ, руғани меш.
Рӯзе шавад, ки олами фонӣ хазон шавад,
Фарёду шуру ғулғула дар осмон шавад.
Он гоҳ, ки изтироби замину замон шавад,
Дар боми Каъба Ҳазрати Исо аён шавад.
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Сад кош, гадо мешуд, ба Канъон хуштар.
Ба гуристон гузар кардам каму беш,
Бидидам гури давлатманду дарвеш.
На дарвеше ба хоке бекафан рафт,
На давлатманд бурд аз як кафан беш.
Ман омадаюм, туро бубинум, биравум1
Рози дилукум ба ту бигӯюм, биравум.
Рози дилукум гуфта шавад ё нашавад,
Як бори дигар туро бубинум, биравум.
1 Гӯянда: Ғоибназарова Соябегим (1940), зодаи деҳаи Баршор, сокини ш. Душанбе. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2011.
Ман банда ба қади навниҳолут бошум,
Ман пилта ба мошаи камонут бошум.
Ҳар гоҳ, ки камонта сари моша кунӣ,
Тездору ба дегчаи камонут бошум.
Кафтарбачаро ба боғ мебинум ман,
Жулидаву бедимоғ мебинум ман.
Кафтарбачаро ҳай-ҳай бурданд ба дор,
Шо(ҳ)ина ба чанги зоғ мебинум ман.
Ёди ту кунум, сари забонум сӯзад,
То сабр кунум, тамоми ҷонум сӯзад.
Ман сабр кунум, Худо, ки сабрум надиҳад,
Мағзум ба даруни устухонум сӯзад.
Эй чархи фалак мисли мани зор шавӣ,
Бачат бумураду ту ҳам афгор шавӣ.
Тире, ки задай бар ҷигари сӯхтаам,
Ба ҷигари худ бигир, хабардор шавӣ.
Мо чор бародарем аз мулкаки Роғ,
Мо чор ниҳол шинондем дар гӯшаи боғ.
Номард касе, ки аз аҷал мегрезад,
Паймона ки пур шавад, чи Дарвозу чи Роғ.
Шаб нима гузашту ёр бар мо нарасид,
Ё гургаш бихурд, ё палангаш бидарид.
Не гургаш бихурду не палангаш бидарид,
Ӯ манзили нав гирифту бар мо нарасид.
Себарга бигуфт, дар замин сабза манум,
Бунавша бигуфт, ҷавони пурғамза манум.
Садбарг бигуфт, ту лофи беҳуда мазан,
Тоҷи сари ошиқони пурғамза манум.
Эй чархи фалак, чарха ба мо сохтаӣ,
Ҷон дар тани мо амонат андохтаӣ.
Гуфтум биравум сайр кунум саҳрора,
Сайёди аҷал аз паи мо дохтаӣ.
Афсӯс, ки аз қарина дур афтодум,
Хурдум дами обу беҳузур афтодум.
Хурдум дами обу беҳузур гашт дилум,
Рафтум, рафтум аз ҳама дур афтодум.
Кафтар шаваму сайр кунум саҳрора,
Булбул шаваму нола кунум ғамҳора.
Оҳу шавуму бидавум кӯҳ ба кӯҳ,
Моҳӣ шаваму ғута занум дарёра.
Эй зоғ, дар ин боғ тамошо чӣ мекунӣ?
Дунё сарои фонист, ғавғо чӣ мекунӣ?
Гул рафт, ғунча рафт, чаман баргрез шуд,
Мо ҳам, ки меравем, ту танҳо чӣ мекунӣ?
Кабгак сари санг, мезанад қақра ба ноз,
Фарзанд мерад, ҷони модар ба гудоз.
Эй бор Худо, дар осмон абр андоз,
Ин бачаи сафарӣ баргардад боз.
Сабзиназанак ба ғамза обум кардӣ,
Дар фасли баҳор булбули боғум кардӣ.
Ман порчаи барф будум дар сардараҳо,
Офтоби тамус шудию обум кардӣ.
Хуш омадаӣ, қадам задӣ дидаи мо,
Ту марди мусофири писанди дили мо.
Мо хоки қадамҳои тура гул созем,
Ин дида гарон шавад, бар ин дидаи мо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё