Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Авҷибачаи мири сари ангурӣ,

Синҷитбуттаи хушбуваки хушрӯӣ.

Фахри ту кунем, ки астӣ аз зодаи мо,

Қади алифе дорӣ, каманд абрӯӣ.

Ба Лангар мераванд духтар ва модар,

Ки модар барги гул, духтар кабутар.

Худовандо, маро шо(ҳ)ин бигардон,

Занам болу бигирам пеши духтар.

Ёрум тарафи Шуғнон меҳмонӣ рафт,

Доғуш ба дилум бимонд, пинҳонӣ рафт.

Гуфтум, биравум нархуша қимат бихарум,

(Ҳ)айфи қадамуш, ки гул ба арзонӣ рафт.

Ёре, ки вафо накард, бимонуш биравад,

Аз мо, ки ҷудо шудаст, бимонуш биравад.

Бонуш биравад, саруш ба санг(ҳ)о бихурад,

Пур(ҳ)асрати пурҷафо, бимонуш биравад.

Ман булбули мастаму чаман нест маро,

Ман марди мусофирам, ватан нест маро.

Ин умри азиз, ки беватан мегузарад,

Кардам сафари дуру кафан нест маро.

Мусофир такя бар девол дорад,

Ба рухсори сафедуш хол дорад.

Бишин як шаб дар канори мусофир,

Магар дасти мусофир хор дорад?

Мусофир ман, мусофирвор мегардам,

Сагон дар кӯчаҳо хобанду ман бедор мегардам.

Сагонро хуни дил додему бо худ ошно кардем,

Аммо аз рӯи ёри бевафоям зор мегардам.

Чашмони сиёҳ дорӣ, мо ҳам дорем,

Ту ноз накун, ки мо намебардорем.

Ту ноз накун, ки мо ҳанӯз хурдтаракем,

Ту дастаи гул бошию мо беҳтаракем.

Чашмони сиёҳ ба ноз мегардонӣ,

Моро зи сари бурида метарсонӣ.

Мо гар зи сари бурида метарсидем,

Дар кӯчаи ошиқон намеафтидем.

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

То як накунад, ки сараш сад нарасад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳи бади ман,

Ту некӣ набинию ба ман бад нарасад.

Бо ёр ситам накун, ки бе ёр шавӣ,

Бисёр талаб накун, ба кам зор шавӣ.

Ба хонаи дӯсти худ ту бисёр марав,

Ҳарчанд азизӣ, оқибат хор шавӣ.

Ҳунар беҳу ҳунар беҳу ҳунар беҳ,

Ҳунар аз мулку маъвои падар беҳ.

Ҳунар дорӣ, вале толеъ надорӣ,

Ҷави толеъ зи хирвори ҳунар беҳ.

Боло бинигар, нишонаи маъво ку?

Эй шоҳи писандида, писанддоро ку?

Дар шуразамин Ҳасану Ҳусайн хобанд,

Пас Фотимаву Хадичаву Заҳро ку?

Шабҳо ҳама шаб дарди туро нола кунум,

Дар бурҷи лаҳад ёди ту ҷонона кунум.

Баъд ай сад сол агар зи хокам гузарӣ,

Бӯи ту ба ман расад кафан пора кунум.

Дунё ба мисоли як работи ду дар аст,

Ҳар лаҳза дар ин работ халқи дигар аст.

Гуфтам биравам ман ба тамошои ҷаҳон,

Дидам, ки тамошои ҷаҳон дар гузар аст.

Андар саҳарону ёри ҳамдам бошад,

Садои рубобу нолаи най бошад.

Ман бошаму ёри ҳамдаму ҷоми шароб,

Бо ҳам бихурем, ки умр то кай бошад.

Рӯзе гузарам фитод ба мулки Шуғнон,

Дидам, ки ба хун ғарқ бувад пиру ҷавон.

Ё Раб, назаре ба кӯҳсоронам кун,

Бар синаи золимон нишон тира қазон.

Аз хона баромадӣ ту бозӣ-бозӣ,

Гаштӣ ҳадафи тири сагони тозӣ.

Тире бошад, қашанг камоне созӣ,

Бар синаи золимон ту тир андозӣ.

Он ҷо, ки тура куштан(д), регистонуст,

Хуни дилукут хуроки гундушконуст.

Бигрезед ага(р), паллаи номардонуст,

Нагрезед ага(р), саруктон да(р) майдонуст.

Нолум зи фироқ, ман бинолум зи фироқ,

Мисли гули лола ғарқи хунум зи фироқ.

Мисли гули садбарг шудум садпора,

Монанди анор сарнагунум зи фироқ.

Нолум зи фироқ, ман бинолум зи фироқ,

Мисли гули лола ғарқи хунум зи фироқ.

Ҳар гоҳ, ки хаёли маргут ояд ба сарум,

Ай марг нанолуму бинолум зи фироқ.

Бар кӯча гузар накун, ки му дар бомум,

Бар му назаре накун, ки му бадномум.

Ҳар гоҳ, ту назар кунӣ, му раҳгардонум,

Озурда нашав, ки му ҷигарбирёнум.

Дар санги калон алиф кандан чӣ илоҷ?

Дилгир шудум, зи дур дидан чӣ илоҷ?

Дилгир шудум, зи дур дидан сабр аст,

Сабрум надиҳад, ба ғайри сӯхтан чӣ илоҷ?

Ин лаъли мура лаъли Бадахшон заду бурд,

Гург омаду аз рамаи чупон заду бурд.

Ё гурги тура тир занум, ё найза,

Шояд, ки тура бимонаду бигреза.

Андар саҳарон лоларо шабнам зад,

Гул гашт хазону булбулонро ғам зад.

Эй бехабарон, хабар баред бар олам,

Айёми ҷавониша фалак барҳам зад.

Бачама бубин, ба рӯи майдон омад,

Румоли сарум ба боди ларзон омад.

Румоли сарум ягон-ягон гул дорад,

Бачама бубин, ҷои дигар дил дорад.

Эй дӯст, ба дӯстукот му кин кардум,

Тори дилукма зи риштаи сим кардум.

Тори дилукма зи риштаи сим нашуд,

Таҳсин ба ҷудогиҳои ширин кардум.

Ситора хурдакем паҳлуи маҳтоб,

Мура бе дилбарум кай мебарад хоб.

Агар дар вақти хоб ёдам биёяд,

Мисоли мори захмин мехурам тоб.

пешина
аз 41
навбатӣ