Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Дилбарма бубин Шеваву Шуғнон мерад,
Бо дараи Сағридашт Бадахшон мерад.
Бемор шудаст, Хоруғу Ғорон мерад,
Аз дасти аҷал ба зуру ларзон мерад.
Бархез, Дилбарҷон, умрат дар хоб гузашт,
Сайри чаману шабҳои маҳтоб гузашт.
Бедор намешавӣ аз ин хоби гарон,
Бедорат намекунад Худованди ҷаҳон.
Дар шуразамин ман аминут бошум,
Дар гандуми сабз ман заминут бошум.
Дар гандуми сабз даравгарон бисёранд,
Ман марди фақиру хушачинут бошум.
Мо кавгонему сайл кунем саҳрора,
Бо нулҳои сурх канда кунем гулҳора.
Бо нулҳои сурх канда нашуд гулҳора,
Дар сар бузанем ҷуфтагули раънора.
Му рӯи тура ба моҳи тобон надиҳум,
Му нархи тура ба бои Ғорон надиҳум.
Кафтар шаваму пушти сарут лона кунум,
Офтоб шавуму ба барфу борон надиҳум.
Ин шаҳри калону ҷои истодану нест,
Дар шаҳри калон гирифтану додану нест.
Дар шаҳри калон ага(р) ғарибон бимуран(д),
Дар пои ҷанозаи ғариб мотаму нест.
Сухи аму сат, ки майдек будем,
Ҷураи баррау буча да(р) шолек будем.
Шолекмон гашту мо парешон шудем,
Рафтем ба ғарибиву саргардон шудем.
Аз хона баромадӣ, рубоӣ гуфтум,
Якчанд ғазала баҳри ҷудоӣ гуфтум.
Ин чанд ғазала гӯш кунӣ ё накунӣ,
Ин байта барои ёдгорӣ гуфтум.
Бечора ҷувон аз умрукуш баҳра набурд,
Дар айни ҷувониҳош афтиду бимурд.
Ҷӯе кандем, ки якдаме об хурем,
Об омаду ҷӯи кандаро пок бибурд.
Ин куртеки хат-хатини доманчокум,
Урмон дорум бачом бубандан хокум.
Аз оби ду дидашон бишӯянд баданум,
Аз гӯшаи футашон бидузанд кафанум.
Афсӯс, ки бо ту варнахурдем, дареғ,
Аз нахли қадут самар начидем, дареғ.
Аз нахли қадут ниҳоли умр аст ба бод,
Бо умри ду руза барнахурдем, дареғ.
Сухи аму сат будаст, ки хуртек будем,
Ду себаки сурх даруни боғчек будем.
Боғчек бигашту мо даруни баргем,
Мо хурду калон ҳама насиби маргем.
Сел омада бурд кавги айёраи мо,
Мекард кабоб ҷигари пораи мо.
Мекард кабоб, мепошид намаке,
Мегуфт, бихӯр модари ғамхораи мо.
Бедард давои дарда кай медонад,
Сӯзиши даруни дилма най медонад.
Дардест ба ҷони мани мискини ғариб,
Аз одами дида пурс, ки вай медонад.
Саркӯҳи баланд арғувон гум кардум,
Зардинаҷавони паҳлавон гум кардум.
Зардинаҷавони паҳлавон нест хабар,
Шамшери бурранда аз миён гум кардум.
Нозук-нозук, тамоми ҷонут нозук,
Холе ба миёни абрувонут нозук.
Гуфтум: биравум, тиру камонут бихарум,
Бар китф камон, тири камонут нозук.
Сурӣ ба бунавша гуфт, чаро қади ту паст?
Пеш аз ҳама мешкуфию мемонӣ пас.
Гуфто, чӣ гул аст ин, ки маро таъна занад?
Аз бӯи хушум, ки меравум даст ба даст.
Сарчашмаю чашмасор зангор гирифт,
Омад хабаре, ки бевафо ёр гирифт.
Ӯ ёр гирифт, баробари мо нагирифт,
Аз гул бигузашту домани хор гирифт.
Ман булбуламу баҳора дӯст медорум,
Себаргаву лолазора дӯст медорум.
Себаргаву лолазор дар боғи шумо,
Билло ба Худо, шуморо дӯст медорум.
Ман мераваму нигори ман мемонад,
Сабри дили беқарори ман мемонад.
Ин ёри равандаро ба худ ёр магир,
Ин меҳри раванда дар дилут мемонад.
Айёми гулу сайри чаман омадаюм,
Сармаст зи бӯи ёсуман омадаюм.
Ҳар дил ба ҳавои ишқи худ нағма кунад,
Ман баҳри сурудани ватан омадаюм.
Мусулмонон, дар ин шаҳри шумоем,
Ғарибу бекасу беошёнем.
Чилимро тоза кун баҳри мусофир,
Ки имрӯз инҷову фардо куҷоем.
Чашмони сиёҳта сиёҳ гирифтаст, чӣ кунум?
Абрӯи каҷта ҳаво гирифтаст, чӣ кунум?
Ман дар ҳаққи ту чӣ гуна хизмат кардум,
Инсофи туро Худо гирифтаст, чи кунум?
Эй куртасафед, ту дар миёни хирман,
Хуни дилукут бирехт дар барфи Яман.
Эй барфи Яман, чӣ ноз дорӣ ту ба ман,
Ошиқ дигарон, маломатат бар сари ман.
Дар фасли баҳор мегузаштум ба раҳе,
Гул чидуму дар сар задаям панҷу даҳе.
Андеша зи айёми ҷавонӣ кардум,
Нестум хабаре, ки умр рафтаст пагаҳе.
Ман булбуламу зи гул ҷудо мегардум,
Лабташна ба дашти Карбало мегардум.
Оё чӣ гуноҳ кардаям пеши Худо,
Аз дидаи равшанум ҷудо мегардум.
Мо булбули мастем, макон гум кардем,
Мо тири фарангем, нишон гум кардем.
Мо гирди ҷаҳон аз ин сабаб мегардем,
Шамшери бараҳна аз миён гум кардем.
Рафтай ба шаҳр(ҳ)о, ғамут кушт мура,
Кардӣ ба даруни дил фаромушт мура.
Ё нома навис, ё хати безорӣ,
Ин гуфтугузори мардумон кушт мура.
Ҳайронаму ҳайронзадаро медонум,
Фарҳодаму тешахурдаро медонум.
Ҳар гоҳ, ки хуни ту бирезад ба замин,
Ман Юсуфи гургбурдаро медонум.
Дар боғ даромадум ба бӯи гашниз,
Андешаи хотирта накардум ҳаргиз.
Бо ёри нават муборак, эй ҷони азиз,
Мо тозагулем, дар роҳ намонем ҳаргиз.
Бодом заррапуст, пусти бодом заррапуст,1
Моро бикушанд, ҷудо кунанд гӯшт аз пуст.
Ин куштани мо барои як дидани дӯст,
Сутхонум сафед шавад, майлам ба амуст.
Чодар чилу чор банди чодар чилу чор,
Бечора ҷувон дар таги чодар бемор.
Бечора ҷувон худта ба куштан додӣ,
Ин модари бечорат чашмуш ба раҳ чор.
Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,
Эй ҳеҷ, зи баҳри ҳеҷ, бар ҳеҷ мапеч.
Донӣ, ки зи одамӣ чи мемонаду бас,
Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.
Дил доруму дилдор надорум, чӣ кунум?
Ғам доруму ғамхор надорум, чӣ кунум?
Ғам доруму ғамхор надорум бе ту,
Санг гашта дил ором надорум, чӣ кунум?
Ҷамҷон, тирут ки расид чӣ гуна ту ҷон додӣ?
Ашкут бичакид, чакид, ё ки осон додӣ?
Ку модару ку падару ку хеши қариб,
Ҷонта ба аҷал ба садҳо армон додӣ.
1 Гӯянда: Ғоибова Мобека (1949), зодаи деҳаи Баршори Ғорон.
Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2012.
Ҷамҷон, ай рафтанукут агар хабар медоштум,
Сартосари Душанбе қадам мегзоштум.
Мекофтуму меёфтум қотили тура,
Ханҷар ба забонуш то ҷигар мегзоштум.
Кавгуки ҷияш аҷаб тура гум кардум,
Кӯҳ ба кӯҳу дашт ба дашт худма пир кардум.
Кӯҳ ба кӯҳу дашт ба дашт пайдо нашудӣ,
Бо кори Илоҳ тан ба тақдир кардум.
Оҳубараи сафедма ман гум кардум,
Худма ба дари хонаи мардум кардум,
Мардум меган чаро ту девона шудӣ?
Девона манам, ки булбулма гум кардум.
Эй бачаи раҳдурии дур аз назарум,
Абрешими шаштораи лахти ҷигарум.
Ҷамҷон, ки ба ёру ҳамсолот менигарум,
Об аз ду дида резаду хун аз ҷигарум.
Умрат бигузашт умри дигар нест туро,
Бигзашт ҷавоният хабар нест туро.
Сайёди аҷал хайма зада дар роҳат,
Ин раҳра гирифт, раҳи дигар нест туро.
Модар, модар дар ҷавонӣ мурдӣ,
Дар айни хушии зиндагонӣ мурдӣ.
Нагардондум ранҷи як шабатро,
Аз ин рӯ мехурам хуни дилумро.
Бародарон сафар бар дур рафтед,
Ҷавон рафтеду моро кур кардед.
Шуморо гашт манзил Сабзкандан,
Дареғо, ки бачам бе гуру кафан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё