Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Дилгир шудум, зиёда дилгир шудум,
Ба лахти ҷигари гумшудам дилгир шудум.
То охири умр ду чашмукум бар роҳаш,
Шукрат мегум, розӣ ба тақдир шудум.
Ай гули наврустаам, рафтӣ ту аз ин бӯстон,
Талхтар аз заҳр кардӣ зиндагиамро чунон.
Кай хаёле доштам рӯзи сиёҳ ояд ба ман,
Кай гумон кардам, ки пеши чашми ман диҳӣ ту ҷон.
Фарёд занум, шунав ту овози маро,
Гундушкук шаву биё ба Авҷи боло.
Урмон дорум, як бор бубинум рута,
Бӯсам сару руву чашмои хушрута.
Ҳар гаҳ, ки маро гирад хумору ёдут,
Хоҳам, ки баром ба кӯҳ, кунум фарёдут.
Ин модари беҳунари гӯлут имрӯз,
Дилгир шудасту мезанад фарёдут.
Ёдут кардум, зи дард месӯза сарум,
Аз ёди ту сӯхтааст тамоми ҷигарум.
Шукрат кунаму тан ба тақдир кунум,
Аммо чи кунум, бирёну хуни ҷигарум.
Шинум ба баландиҳо бинум роҳота,
Чашмам бирасад навиштаи санг(ҳ)ота.
Бинум-бинум, ҳеҷ пайдо нашудӣ,
Сад вою дареғ умри барбод(ҳ)ота.
Эй оби равон, аҷаб равон мегузарӣ,
Сарга(ҳ)т зи куҷо, куҷо давон мегузарӣ.
Сӯят нигарум умри равон ёд кунум,
Пас нангариву чи бенишон мегузарӣ.
Чашмам ба раҳи омаданут чор шудаст,
Гулҳои баҳор дар назарум хор шудаст.
Гулҳои баҳора бӯй кунум бӯи ту нест,
Сад шаҳра ба шаҳр гаштум монанди ту нест.
Ёди ту кунум дилум тапидан гирад,
Оби чашмам ба рӯ чакидан гирад.
Оби чашмам, ки меравад ҷуй ба ҷӯй,
Дар ҳар лаби ҷӯй сабза дамидан гирад.
Дунё ҳама ҳеҷ, кори дунё ҳама ҳеҷ,
Ин салтанату боғи ирамҳо ҳама ҳеҷ.
Дунёи куҳан ба кас намонад боқӣ,
Паймона, ки пур шавад, сабабҳо ҳама ҳеҷ.
Шинум сари санг, ки аз Бадахшон оӣ,
Дуторча ба дасту масти ғелон оӣ.
Дуторча ба даст, гӯшакуш марворӣ,
Моро ба ғамот куштӣ, чӣ урмон дорӣ?
Аз шаҳри Душанбе кавги ҳилолма бурдан,
Эй хешу табор, навданиҳолма бурдан.
Мардум меган гиря накун меояд,
Озодаҷувони чуҷадорма бурдан.
Гунҷишкаки чир-чирӣ зи кутал гузарӣ,
Аҳволи маро ба пеши модар бубарӣ.
Ҷиекма бигӯ гашту гадоӣ бикунад,
Аз бахшаки ман оши худоӣ бидиҳад.
Эй бачаи ҷон, сояи давлат бошӣ,
Ҳар ҷо бошӣ, си(ҳ)ат саломат бошӣ.
Ҳар шому саҳар дасти дуоям бо ту,
Дар умри сарут пури баракат бошӣ.
Духтари хабаргирум хабаргир омад,
Аз роҳаки дур сафари Помир омад.
Худовандам нигаҳбону паноҳаш,
Пеши падару модари дилгир омад.
Рӯзҳо паи ҳам меран ай пеши назарум,
Рӯзҳои сиёҳра мебаран ай назарум.
Мерам ба хаёл, гуё, ки чизе набудаст,
Чун ёд орум мерезад хун ай ҷигарум.
Маро аз ғайри ту маҳбубтаре нест,
Ба ҷонам ғайри ту ширинтаре нест.
Ба ҳар рӯзи зистаам шукрона гуям,
Ки бо ту, меҳрубонам, рӯ ба руям.
Эй Авҷи бузург, аҷаб ки санг овардай,
Мобайни ду кӯҳ дилум ба танг овардай.
Ҳарчанд кунум шукрати хасмон(ҳ)ота,
Аммо чи кунум, ру(й)ма ба ҷанг овардай.
Хуш омадаӣ ба ин ҷаҳон, шодонем,
Пои қадамат ба дида, ҷон, шодонем.
Аз омаданут хонамон пурнур шудаст,
Тоҷи сару нури дидамон, шодонем.
Зи дурӣ омадам, рӯят бубинам,
Ба паҳлуят, кунум холӣ дилумро.
Дили пурдард, ки ҳеҷ холӣ намеша,
Каме осон кунум ин мушкилумро.
Чархо фалако, чархат мудом гардон аст,
Бист сол шуду чашмум ҳанӯз пазмон аст.
Эй чархи фалак, чархта букун як бор гир,
Шояд, ки дилум халос шавад аз занҷир.
Имсол ҷудо шудем зи ёри ҷонӣ,
Ҳарчанд ки кунем ҷафою саргардонӣ.
Аз рӯзи азал навиштаи пешонӣ,
Аҷал, ки расид дареғу пушаймонӣ.
Мо хурду калон ҳама ба ном инсонем,1
Дар дасти замона ҳамчу ангуштонем.
Имрӯз агар пасту баландӣ дорем,
Фардо, ки равем ҳама ба хок яксонем.
Ай кӯҳи сафед оби шифо мехамбад,
Ай дидаи поки Мустафо мехамбад.
Мо дар аҷабем, ки Мустафоро бинем,
Фарзанди Алӣ шери Худо мехамбад.
Эй беди баланд, саргаҳат Каъбаи нур,
Бо ҳаққи Каломуллоҳу бо номи Расул.
Ҳаргиз нагирифт шохи сафедор ангур,
Ҳаргиз наравад меҳри ту аз ҷонум дур.
Садбарги сафеди саҳариро чӣ кунум?
Ман бе ту ҳаёту зиндагиро чӣ кунум?
Мардум ҳамагӣ умри дароз металабан,
Ман умри дарози ғамқатиро чӣ кунум?
Бачам да(р) раҳ буд, ғулоғули ҷанг омад,
Шербача буду гурехтануш нанг омад.
Шамшери қазо ба гардануш танг омад,
Хуни дили ӯ бар сари ҳар санг омад.
Дар мулкаки дур ниҳоли яктоқа бачам,
Бо рангаки зард аҳволи бечора бачам.
Душман да(р) саруш, ҳазор душман да(р) саруш,
Аз боисти душмано(н) овора бачам.
Эй панҷ биёр будед, дар мулкаки Роғ,
Ҳар панҷтон ниҳол шинондед дар гӯшаи боғ.
Дар гӯшаи боғ шинонда доғмон кардет,
Себарга будем, берун зи боғмон кардет.
Эй себаки сурх дар вуҷуди банда,
Зояъ кардай худта ба марди ганда.
Марди ганда, Худо бдяд ҷазота,
Оби дидам кӯр кунад чашмота.
Ёрам рафтасту ғамгусорум рафтаст,
Себ ай чаману гул ай канорум рафтаст.
Ин хона агар биҳишти олам гардад,
Безорум ай ин хона, ки ёрум рафтаст.
Ин роҳи баробару ин ҳам лағатут,
Мора мондаӣ, рафтӣ ба мулки дигарут.
Гунҷишкак шавем, эча занем пушти дарут,
Шояд, ки бибинимону сӯзад ҷигарут.
Аз уни ки ту рафтай, нахандидем мо,
Не сар шиштем, на ҷома пушидем мо.
Корвони бисёр омаду пурсидем мо,
Меган, ки надидаему нашнидем мо.
Ақлмон рафтасту ақлу ҳушмон рафтаст,
Зардинаҷувони пурҳунармон рафтаст.
Зардинаҷувон миёни олам тоқаст,
Асли ӯ бипурс, ки ай кадом қишлоқ аст.
Ин меваи сербар дар сари майдонум,
Дар мулкаки Қозидеҳ ҷигарбирёнум.
Рӯзе, ки фалак теға кашид бар ҷонут,
Хун ҷорӣ шудаст гирди лабу дандонут.
Дар роҳ будам, ки марг омад зи пасум,
Эй марг, амон бидеҳ, ба хона бирасум.
Ба хона расум, ки модарум дар ҳавасум,
Бӯсад лабу дандон, барояд нафасум.
Эй бачаи ҷон, дар ғам(ҳ)от беморум,
Бечораю дилшикастаи афгорум.
Ҳаргиз ба дилум набуд ҷудоӣ аз ту,
Бар кардаи тақдиру Худо ночорум.
Афсӯс, ки саҳрои ҷаҳон бешаи мост,
Заҳробаи заҳр мудом дар шешаи мост.
Заҳробаи заҳр ягон-ягон нушидем,
Мо шохи дарахтем, аҷал тешаи мост.
Эй дуди кабуд, дар осмонҳои манӣ,
Зангори фалак дарду аламҳои манӣ.
Бишкуфта гули сафед дар боғи ҳама,
Эй хори ҷафо, ҳамеша дар пои манӣ.
Афсӯс, ки як умр гадоему дареғ,
Борони баҳори бебақоему дареғ.
Сад сол агар умр вафое бикунад,
Охир, ки ҷудоему ҷудоему дареғ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё