Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Дар ҳавлии мо об набуд, боз омад,
Себарга набуд, ҷавони танноз омад.
Хостам, ки ба дасти рост обуш бидиюм,
Обуш додум, дилум ба парвоз омад.
Он ҷо, ки туӣ бунафшазори Балхуст,
Инҷо, ки манум, мудом шомум талхуст.
Шоме, ки ту мехурӣ, маро ёд бикун,
Гуё, ки замину осмон дар чархуст.
Аз дураки дур илоҷгар нест маро,
Месӯзаму чорае дигар нест маро.
Хостам, ки ба ҷониби ту парвоз кунум,
Болам бишикаст, боли дигар нест маро.
Гундушкуки чир-чирӣ чил пар дорад,
Дар тои саруш навиштаи зар дорад.
Ҳар кас, ки дар ин замона духтар дорад,
Мисли дили ман дили қаландар дорад.
Бачек дорум, зи банди шаҳро уря,
Пеғому салом кардум наомад иря.
Як дастагула ба хуни дил тар кардум,
Шояд, ки ба бӯи гул биёяд иря.
Дар мулкаки Шамбедеҳ се тоқасавор,
Пешангикуш кист? – Додарум тоқасавор.
Саллеки калон дораду пурнақшу нигор,
Абрешими қирғизиш бо духти бухор.
Имсол дилум аҷаб шудаст паснигарон,
Дар мулкаки Шамбедеҳ задаст барфи гарон.
Эй барфи гарон, мара ба модар бирасон,
То дар дили сӯхтагим намонад урмон.
Имсол баҳори мо ба ғам мегузарад,
Шодӣ ба дили сӯхта кам мегузарад.
Шодӣ талабум, шодӣ бубинум кам-кам,
Ғамбезорум, фитода хирман-хирман.
Ай кӯҳи баланд назар ба паст андохтум,
Бар гардани зебои ту даст андохтум.
Бар гардани зебои ту дастум нарасид,
Ай ҷаҳти ту худма ба бало андохтум.
Эй бачаи қадбаланди дуррдандонум,
Дар ҳасрати дидори ту сӯхтаст ҷонум.
Ман пилта шавум миёни ангуштонут,
Шояд ба фироқи ту барояд ҷонум.
Кафтарбачата ба боғ мондӣ, рафтӣ,
Ин хонама бечароғ мондӣ, рафтӣ.
Кафтарбачата ба хуни дил парвардӣ,
Охир, ки ба чанги зоғ мондӣ, рафтӣ.
Моҳ мераваду ситора пас мемонад,
Бачам рафтаст, бачаш ба кас мемонад.
Эй бачаи ҷон, бачата со(ҳ)ибӣ букун,
Ин бачаи ту ба хору хас мемонад.
Ай хона баромадай, самандар мерай,
Тӯшат таи каш, ба пеши модар мерай.
Модар мега, тушаи ман бисёруст,
Як лаҳзаи диданут ба ман даркоруст.
Мағзор ай ман, гӯшаи мағзор ай ман,
Бориктар аз он гӯшаи дастор ай ман.
Дастора набанд бе ризои дили ман,
Ҳар печиши дастори ту доғи дили ман.
Шамол(ҳ)ои кӯҳ кӯҳора меларзонад,
Нолиши бачам ҷигарма месӯзонад.
Хабар бикунед хоҳари раҳдуриша,
Биёяд, бубинад биёри армониша.
Қади ту ниҳоли бесамар кард мара,
Ғами ту гадою дарбадар кард мара.
Гуфтум, ки зи кӯҳи ғами ту сад туба,
То дида бидид, тубашикан кард мара.
Дар дашт биравум, сайли гули лола кунум,
Аз мурдани ту ҳазору як нола кунум.
Дар кунҷи лаҳад агар ба ёдум бизанӣ,
Ёди ту кунум, кафанма садпора кунум.
Ёди ту кунум, дилум шарар мерезад,1
Тарки ту кунум, лахти ҷигар мерезад.
То охири умр агар ту бошӣ бо ман,
Дар косаи оби ман шакар мерезад.
Аз хона баромадум бо дидаи тар,
Чашмум ба баробар асту ба мулки падар.
Хуш давлати он касе, ки дар мулки падар,
Бечора ғариб худум, ки дар ҷои дигар.
Ҷудоӣ оташи кори ҷаҳонуст,
Дил аз дасти ҷудоӣ нотавонуст.
Ҷудоӣ шерро рӯбоҳ созад,
Ҷудоӣ умрро кутоҳ созад.
1 Гӯянда: Мамадкаримова Муслимо (1952), сокини деҳаи Мулвоҷ.
Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2013.
Ин шохи дарахти мо зи пайванд бирафт,
Ин бачаи ман аҷаб касалманд бирафт.
Тоҷи сари мардумону пеши дида,
Зоғ омада ҳарду дидама канду бирафт.
Дар паҳлуи хонаат дорум дегдон,
Дар паҳлу нишастани ту дорум урмон.
Нашкаст ҳавасум, нашуд муродум ҳосил,
Баргарду биё, дубора дорум урмон.
Ин хонаи рӯпарура бод овурдаст,
Бӯи гули синҷита шамол овурдаст.
Хешони ватан, маро маломат накунед,
Моро ба ғарибиҳо Худо овурдаст.
Ин дашти калон, гул ҷудо, лола ҷудо,
Аз дӯст фаромӯшему аз хеш ҷудо.
Гундушк шавум пар букушоюм ҳама ҷо,
Хабар бигирум аз дӯстони зиндаҷудо.
Вой аз ману вой аз ману вой аз ҷонум,
Ин ҳазрати Изроил шудаст меҳмонум.
Ин ҳазрати Изроил, ки ҷон металабад,
Шояд, ки ба осонӣ барорад ҷонум.
Эй мушки Хутан, агар ба буют бирасум,1
Оҳе бикашум, агар ба куют бирасум.
Халқон донанд аҳволи зори дилиа,
Урмон дорум ду чушм ба руют бирасум.
Мо панҷ биродарем, як бобои пир,
Ҳар панҷ камон дорем, ҳар панҷмон тир.
Дар об шиноварем, дар кӯҳ нахчир,
Дар ҷанг баҳодурем, дар марг асир.
1 Гӯянда: Фирайдуншоева Содатсултон (1934). Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2013.
Сарчашмаи боғу бӯстони ватанум,
Хушбоду ҳавост кӯҳистони ватанум.
Гар бод маро барад ба сӯи ватанум,
Дил пора кунум, ёди ғарибӣ накунум.
Модар-модар, чаро калонум кардӣ,
Ширум додӣ, ту қасти ҷонум кардӣ.
Аввал ба азизиҳо калонум кардӣ,
Охир ба ғарибиҳо равонум кардӣ.
Дар дашт будум, ки пири бечора гузашт,
Бар дил аламу синаи садпора гузашт.
Гуфтум, бобо, чӣ доғ дорӣ дар дил?
Гуфто, бачаме, умри садсола гузашт.
Шабҳо ҳама шаб насиҳатум дод падар,
Ҳаргиз ту ба куи нокасон ранҷа мабар.
Гар ранҷ барӣ, ба одами асл бибар,
То ранҷи ту зоеъ нашавад, ҷони падар.
Ҳар дам нафасе мабош бе ёди Алӣ,
Ҳиммат талаб аз Алию авлоди Алӣ.
Ҳар воқеае агар туро пеш ояд,
Кун ёди Алӣ, ёди Алӣ, ёди Алӣ.
Эй Холиқи халқ, раҳнамое бифирист,
Бар бандаи бенаво навое бифирист.
Кори мани бечора гиреҳ аст гиреҳ,
Раҳме бикуну гиреҳкушое бифирист.
Донӣ, ки рубоби мо чиҳо мегӯяд,
Аз мадҳи Алии Муртазо мегӯяд.
Як пораи чуби хушк бо қудрати Ҳақ,
Бе кому забон худ Худо мегӯяд.
Бе илму амал биҳишти ризвон маталаб,
Бе рузаю бе намоз имон маталаб.
Хоҳӣ, зи пули сирот осон гузарӣ,
Озори дили ҳеҷ мусулмон маталаб.
Хуш умри касе, ба сабзаи боғ равад, 1
Хуш умри касе, ки ёраш айлоқ равад.
Айлоқ равад, ба пеши ёруш бирасад,
Руз гармӣ кунад, дар шаби маҳтоб равад.
Фарёд, ки фарёдрасе нест мура,
Дил месӯзад, илоҷрасе нест мура.
Гуфтум, ки ба ҷониби ту парвоз кунум,
Бар худ нигарум, болу паре нест мура.
Эй дӯст, биё, ки ҳардумон нола кунем,
Аз хуни дилум хоната гулмола кунем.
Аз хуни дилум хонаат гулмола нашуд,
Булбул шавему нолаи садсола кунем.
Кавг аз лаби дарёчаи Ғорон хеза(д),
Дурр аз лабу дандони ҷавонон реза(д).
Бе ҳукми Худо барг нарезад зи дарахт,
Дар хоки сиёҳ мӯи ҷавонон реза(д).
Дар дари хонат суфа қатор афтодаст,
Дар тори мӯят чангу ғубор афтодаст.
Гуфтум, ки дар он суфа сар мемонум,
Дидум, ки дар он суфа мазор афтодаст.
Дар фасли баҳор гул ба дастум додӣ,
Дар айни ҷувониҳо шикастум додӣ.
Ман даст ба домани ту кардум ба умед,
Ту косаи номедӣ ба дастум додӣ.
1 Гӯянда: Ҳаким Сайфов (1958), сокини деҳаи Систи водии Ғорон. Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2013.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё