Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Дари хонат ҳавлӣ кашидӣ ба миён,1
Гоҳе худакат шинию гоҳе меҳмон.
На вақти нишастани ту шуд, на меҳмон,
Худат рафтию ҳавлит монда ҳайрон.
Кӯҳи Ғорон чӣ кӯҳи оин бошад,
Дар ҳар дарааш эчаи шо(ҳ)ин бошад.
Дар ҳар дарааш гулҳо шукуфтан(д) чапу рост,
Дил дар сари ёраки Ғороним бошад.
Бар кӯҳи Ғорон аён-аён мегузарӣ,
Бо корду камон дар миён мегузарӣ.
Ду ҷура сагон дорӣ, бо майли шикор,
Ту дар назарум чу паҳлавон мегузарӣ.
Кабутари сарсафеди болуш канда,
Ғоронибача шакарлаби пурханда,
Ҳар кас, ки ба ғоронибача дил банда,
Ёдаш бикунед, ки дар ғарибӣ банда.
Аз хона баромадаст ҷавони сифатӣ,
Та(ҳ)ҷомаи чит дораду боло фараҷӣ.
Корде да(р) миён дораду гулғунча қадӣ,
Чашмони сиёҳ дорад, абрукаҷакӣ.
Ҷонона гузашту ман надидум руша,
Дастора кашид бар хами абруша.
Гуфтум, биравум бӯса гирум аз руяш,
Метарсам аз он, ки бад набошад хуяш.
Гул дидуму гул дидуму гулҳо дидум,
Тоқини заррин бар сари Раъно дидум.
Тоқини заррин бар сари Раъно хубуст,
Як тоқа гула ба боғ танҳо дидум.
1 Гӯянда: Мақбулшоева Мушкиноз (1945), сокини деҳаи Мулвоҷ. Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2013.
Духтар-духтар, ҳавот мастум кардаст,
Хок дар сари бепулӣ, ки пастум кардаст.
Ман мол надорум, ки бдем падарша,
Як шаб ба канор бигирум духтарша.
Сурхтоқибача, ту об кардӣ мора,
Як вега ба сар шароб кардӣ мора.
Як вега ба сар шароби ту дида нашуд,
Ту лоф задӣ, кабоб кардӣ мора.
Эй духтари мардумон, номи ту Айёт,
Дар гӯшаи ру(й)моли ту пурқанду набот.
Ҳар кас, ки тура саъй кунад, шӯ бдяд,
Дасти ману домани ту дар пули Салот.
Бедут бошум, такя ба бедут бошум,
Даствона ба даст(ҳ)ои сафедут бошум.
Гар хоб равӣ, такяи хобут бошум.
Бедор шавӣ, чанги рубобут бошум.
Ғоронидухтар, дар қади пастут бумурум,
Дар нозу карашмаҳои мастут бумурум.
Аргон, ки назар бар мани девона кунӣ,
Дар рӯи сафеди чашми мастут бумурум.
Қади алифут баромадаст бомунда,1
Сармо задаст пигаи мардонунда.
Гундушк шавӣ бигирумут ҷойунда,
Монанди ту нест водии Ғоронунда.
1 Гӯянда: Хайлоев Ҷумъахон (1911-1994), сокини деҳаи Бағуш.
Гирдоваранда: Муллоев Мавлодод.
Эй бачаи Ғоронӣ, аволут штарӣ?
Сухтӣ дили мо, кабоб карди ҷигарӣ.
Ҳар раҳгузаре ояд, пурсум хабарӣ,
Ман дар ғами ту ҳалок, ту бехабарӣ.
Ай кучеки Шамбедеҳ гузаштум шомӣ,
Сесад ғазалу ду байт хондум олӣ.
Халқон меган, чӣ бало, хушхонӣ,
Ёрум рафтаст, хона мондаст холӣ.
Дар мулкаки Шамбедеҳ баромад аспут,
Дар шаҳраки Алма-Ато камон бар дастут.
Ман садқа ба наълук(ҳ)ои сумби аспут,
Ман банда ба чушм(ҳ)ои сиёҳи мастут.
Имсол дилум хазинаи ғам гаштаст,
Оби чашмум баҳори пурнам гаштаст.
Ай оби ду дидаюм бисозед киштӣ,
Эй давлати камбақо, чаро кам гаштӣ?
Ғофил манишин, ҳамнишинут назанад,
Ду дев шиштан, дар каминут назанад.
Ин саманди бадлаҷоми одамкушро
Оҳиста бидав, ки бар заминут назанад.
Нигоҳам бо нигоҳат тоза афтод,
Дар ин шаҳри азим овоза афтод.
Ҳанӯз дастум ба дастут норасида,
Ду чашмум бар дари дарвоза афтод.
Дар ин кӯча гули бодом дорум,
На шабҳову на рӯз ором дорум.
Навиштум бо қалам дар пушти қоғаз,
Ки ман ба ёри худ пеғом дорум.
Ватан дур асту дур аст аз вилоят,1
Дуоят мекунум, оӣ саломат.
Биёӣ, боз агар руят бубинум,
Ки урмонум намонад то қиёмат.
Да(р) боми баланд мебарояд ёрум,
Да(р) хона ба ноз медарояд ёрум.
Як соату як дам бушин дар пешум,
Оли мерай, ки мебарояд ҷонум.
Аз хона баромадум, ёр дар сари раҳ,
Як бӯса талаб кардум аз муи сияҳ.
Як бӯса намедиҳад аз муи сияҳ,
Ҷонукма фидош мекунум дар сари раҳ.
Имсол чӣ соли пурмаломат бошад,
Аз ёрум ҷудо шудан қиёмат бошад.
Аз ёрум ҷудо шудум, дилум месӯзад,
Ҳар ҷо бошад, ёрум саломат бошад.
Ин ёраки хуртекуки ширинсуханум,
Аз меҳру муҳаббатуш сӯхтаст ҷигарум.
Дар меҳру муҳаббати ту астум шабу рӯз,
Бар ман назаре накард, чашм(ҳ)ои тарум.
Эй ёраки ҷон, мулки Шамбедеҳ ватанут,
Шо(ҳ)ин шаваму сайл кунум дар чаманут.
Аз боиси ту гирди ҷиён мегардум,
Шояд, ки бубиниву бисузад ҷигарут.
1 Гӯянда: Нисо Зайдова (1944), сокини деҳаи Шамбедеҳи Ғорон.
Гирдоваранда: Муллоев Мавлодод.
Гундушк будум, дар тагов афтодум,
Озода будум, дар азоб афтодум.
Гуфтум биравум, дона хурум, боз оюм,
Ин донара нахурда, ба дом афтодум.
Эй дӯст, ба дӯстии ту ман ҳайронум,
Чун оҳани сурх ба сари сандонум.
Бо амбури каҷ сахт гирифтӣ ту маро,
Ин теғи бурро мекашӣ бар ҷонум.
Болохона, тагуш кабутархона,1
Қум-қум мекунад ду кафтари бегона.
Бегона манум, ин ҷо хари думхона,
Ман меравуму хона ба кӣ мемона.
Эй модари ҷон, бедимоғум зи ғамут,
Танҳо монум, бо кӣ бигуюм аламут.
Танҳо монум, Худо ки сабрум надиҳад,
Боз ояму сар занум ба ҷои қадамут.
Модарма бинед, ба банди айлоқ омад,
Монанди гули сурии яктоқ омад.
Духтарша бубин, ба ҳасрати лолаи тоқ,
Бачаша бубин, унам ба фироқ омад.
Дар лаби дарё гули пиёз рӯидаст,
Даруни дарё ёри ба ноз хобидаст.
Гуфтум, биравум, ҷеғ занум ёри ба ноз,
Дарёш бурдаст, раҳи дароз хобидаст.
Дарёра бубин, ки навниҳола бурдаст,
Нозук тануманду нозиёна бурдаст.
Нозук тануманду нозиён ёраки ман,
Паймонаш, ки пур шудаст, обуш бурдаст.
1 Гӯянда: Мирзоев Шоназаршо (1942-2013), сокини деҳаи Шамбедеҳи
Ғорон. Гирдоваранда: Муллоев Мавлодод.
Дар ҳасрати рӯи ту афгор дилум,
Ай хурдани ғам захму зангор дилум.
Шодии дилум зи дарду ғамҳо пур шуд,
То охири умр ҳамеша бемор дилум.
Мепурсӣ мара, ки (ҳ)ол чун мегузарад,
Раг-раг ҷигарум ғарқ ба хун мегузарад.
Ку қоғазу ку қалам, ки ман бинвисум,
То бинвисум, ки ҳол чун мегузарад.
Сол(ҳ)ои дароз ай ғамут беморум,
Ай бахти ками худум аҷаб менолум.
Ку (ҳ)амсари меҳрубону ку ғамхорум,
Ман марги худма ба зиндагӣ менолум.
Эй апаи ҷон, ай сарут мегардум,
Ай (ҳ)алқаи гӯшу ай сарут мегардум.
Ту апаи меҳрабону ман хоҳари ту,
Ай лаъли лаби чун шакарут мегардум.
Апама бубин, ба рӯи мағзор омад,
Пояш ба даруни кафши булғор омад.
Ба нозу карашма(ҳ)ош мо ташнаву зор,
Гуё, ки табиби дили бемор омад.
Эй апаи ҷон, (ҳ)оли ғарибе дорӣ,
Не дарду давову не табибе дорӣ.
Не ёр вафо кард ба ту, не зару мол,
Зояъ ба худут, аҷаб насибе дорӣ.
Ку хоҳари меҳрубон, биёяд як бор,
Обут бидиҳад, сарта бигирад ба канор.
Аз мардуми бегона надорем озор,
Аз дасти раҳи дур надидем дидор.
Ай роҳи дароз суворит осон омад,
Тоқини сарут ба боди ларзон омад.
Тоқини сарут гулуш гули олуча,
Эй бачаи ҷон, куҷо шудӣ ай кӯча?
Дар пуштаи тар ҷувони зебо хобуст,
Дил ай ғами ӯ чу кузаи зардобуст.
Ҳар гоҳ, ки ба ёди мо меояд ӯ,
Дил месӯзаду дида ғарқи обуст.
Борони баҳору дидаи намнокут,
Борон борад, сабза дамад дар хокут.
Ку хешу табор, сабзара обуш бидяд,
Шаҳр(ҳ)о гаштӣ, оқибат дар хокут.
Эй бачаи ҷон, ту лолаи саркӯҳӣ,
Дар байни бачо фақат худут хушруӣ.
Баҳор шуду гулҳо шукуфтан чапу рост,
Мечинем аз он гулҳо, ки ту мебӯӣ.
Чархи фалако, пур шуда паймонаи мо,
Обод нашуд манзили вайронаи мо.
Кишти ҳама саркашидаву дона гирифт,
Афсӯс зи киштукори бедонаи мо.
Модар, ки тура шоҳи ҷаҳон сохта буд,
Номи тура Ҷамшеди ҷаҳон дохта буд.
Абрӯи тура тиру камон сохта буд,
Баҳри худукуш сӯзиш и ҷон сохта буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё