Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Калчук – вайрона
Камафсала – нолоиқ
Кампал – курпаи аз пашми гӯсфанд тайёркардашуда
Кандан – ҷои чуқури душворгузар
Кандина – навъи зарфи калон аз саргини ҳайвон
Каппа – хоначаи аз як тараф кушода, ки дар айлоқ аз шоху барги дарахт сохта мешавад
Каср – ситам, зулм
Касот – соҳиб
Катук – аз расан ба ҷои гаҳвора истифода бурда мешавад
Качак – зарфи обхӯрӣ
Каш – бағал; таи каш – зери бағал
Каштал – гиребон
Качуфч – асбоби рӯзгор, ки аз химча бофта мешавад
Каҷова – як навъ асбоби рузгори аз химча бофташуда
Кизлик – кордча, чоқу
Кину кудурӣ – кину адоват
Килет – вайрон
Кочитев – ширатола
Кошт – асбоби коҳкашӣ
Коҷ – олус
Крич – ҳуҷра барои зист дар айлоқ
Кулвор – борхалта аз пусти ҳайвон
Кулулбурҷ – санги кулула
Кулус(ук) – нони арзан
Курра – бачаи асп, бачаи хар
Кургиреҳ – гиреҳи душворкушо, кӯргиреҳ
Курти – нимтана (либос)
Курук – мурғи бетухм; саркурукӣ – фарзанди охирон.
Кутал – ағба
Кутара – бисёр
Кучук – сагча
Куч-кучоник – як намуди кирм
Кушо – куҷо
Л
Лабмолаб – пуропур
Лавда – ёвагуй
Лаган – лаълӣ
Лайлай – аллаи модар
Лаковез – овезон
Лаппӣ – танбал, фарбеҳ
Ларфук – саргини қоқшудаи гов
Лата – рӯймол
Лахук – асбоби осиёб
Лашу калтук – чӯбҳое, ки дар як навъ бозии наврузӣ истифода мешаванд
Лағна – мол, рама
Лаҷоҷ– сафсатагӯй, беҳудагӯй
Лесук – хуроки гов барои шир додан
Ли – ғарами коҳи сабз
Ликук – панҷаи майдаи дасту по
Линг – по
Лихулах омад – яъне холӣ омад
Лишт – лесид, лиштан – лесидан
Лозар – пирях, яхи сари кӯҳ, яхбастаи доимӣ
Лосук – хароб
Лохук – ба тифлони ширмак вақти гиря мемаконанд
Лоша – лоғар, хароб
Лоқ-лоқ мегарда – ҳарҷо овора мегардад
Луфчук – чӯби нимсӯхтаи сиёҳшуда
Луқ – матои кӯҳна
Луч(ук) – бараҳна
Лушм – сайқалӣ, ҳамвор
Лушмидан – лағжидан
М
Маал – макон, ҷой
Майлис – маҷлиси шеърхонӣ
Макруҳ – ифлос
Маси – боиси, аз барои
Маътал кардан – нигоҳ доштан
Мағзор – лаби чашма,ки алафи паст дорад
Маҳмез – тез паридан
Маҷолук – санги нӯгтез барои сурмакашӣ
Меган – мегӯянд
Мепесона – бо чеҳраи бад нигоҳ кардан, бад-бад нигаристан
Млинҷумланҷ – нолон, ноилоҷ
Мланҷаст – нолаи беҳуда
Мндафуқ – бешармона дар ҳама ҷо ҳозир будан
Мндуқ – қадпаст
Моиндар – модарандар, модари ӯгай
Морек – мӯҳра
Моша – пахш кардани камон
Му – ман
Муддо дорад – мақсад дорад, маром
Му(й)бур(ида) – шарманда, бадбахт
Музвал – шармгин
Му зомин – кафолат ба касе додан
Мумо – момо
Мура – маро
Мурмаҷингон – назарногир, хиҷил
Мурмок – кунҷков
Мустек – зарфи обёрӣ
Му чум – намедонам
Муҷук – намуди зироати лубиёгӣ
Муҷрим – барҷомонда, беҳаракат
Н
Навёфта – одами чашмгуруснаву хасис
Навқон – қаҳтсолӣ, гуруснагӣ
Найники – нашавад ки
Насият – насиҳат
Насубат – суҳбат дар бораи аслу насаб
Нах – ҷойҳои иловагӣ дар дохили хонаи бадахшонӣ
Нимук – ним, як қисм
Нобалад – ношинос
Новарунд – асбоби рӯзгор барои тоза кардани косаи хамиркунӣ
Нов – новаи осиёб, ки ба он об ба чархи осиёб мерасад
Нодор – муфлис, гадо
Нозиён – эрка
Нозукмаранҷон – зудранҷ, осебпазир
Номедӣ – навмедӣ, ноумедӣ
Норӣ – наҳорӣ
Нотарбаробар – шахсе, ки ба ҳеҷ кас рост намеояд
Ноғунҷум – норост, бо касе ҳамроҳ намешавад
Нувоса – набера
Нумук – намак
Нушур – ҷои соя
Нух – хала задан
Нхор – пасмондаи хуроқи чорво
Нухшор – хоидан
Нуқроз – қайчӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё