Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он чунон ки сирати адолатгустарии шоҳам аст.

Амир Наср: Ҳеҷ чизе барои напардохтани хироҷ сабаб буда наметавонад! Мо наметавонем хироҷи Бухороро аз дигар вилоят бипардозем. Ин кишвар фақат Бухоро нест! (Аз назди бухориён ба тарафи Хоҷаи Бузург бармегардад). Сареъан ба Бухоро расуле бифиристед ва пардохти панҷсад ҳазор дирҳам хироҷи Бухороро бе каму кост тақозо намоед. Ва таъкид кунед, ки дигар бозӣ кардан бас аст. Сабри мо ҳам дигар сар омад! (Ба Симо-ал-Кабир) Асиронро ба дижҳои мустаҳками Кӯҳистон ба мӯҳлати якумрӣ бифиристед... Бузургони Бухоро меҳмони арҷманди мо ҳастанд! Ба Самарқанд хуш омаданд...(Дар гӯши Хоҷаи Бузург). Аз ишон низ мувозиб бошед!

БУХОРО

Қасри амир Исмоил

Хуҷра нимравшан аст. Амир Исмоил ба ҳар тараф қадам мезанад. Абузакриё Яҳё бародараш нишастааст.

Абузакриё: Ман намедонам, шумо ба кадом далел чунин рафтор менамоед. Шумо омили хироҷ ҳастед ва онро бояд бифиристед. Дар акси ҳол ин амал исёну саркаширо мефаҳмонад.

Амир Исмоил: Шумо худ муҳаббату садоқати манро нисбат ба бародари бузургамон хубтар аз дигарон медонед, вале боз чунин суолот мекунед. Ман алҳол маҷбурам, ки ба чунин коре даст занам. Давлати сомониён бояд дар ин қисмат аз кишвари худ пойгоҳи мустаҳкаме дошта бошанд. Вагарна сиёсати саффориён ҳар лаҳза метавонад нисбат ба мо тағйир ёбад.

Абузакриё: Бигзор ин вазифа ва масъулияти бародарамон бошад. Шумо фақат барои худ душманонро зиёд мекунед. Бадгӯён рафтори шуморо дигар хел маънидод хоҳанд кард. Хубтар аст, ки дар ҳар иқдоми худ бо бародарамон маслиҳат кунед ва фикру роҳи ишонро бипурсед.

Амир Исмоил: Вақте амири Бухоро дар умури вилояти худ мустақил нест, касе ба ӯ эътимод нахоҳад кард. Он чунон, ки худ шоҳиди он будед, бузургони Бухоро нисбат ба мо чӣ гуна беэътиноӣ зоҳир карданд ва кам монда буд, ки кишварро бар зидди мо барангезанд. Амирам ба лашкари

пешина
аз 675
навбатӣ