Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Фарғонаву Исфиҷоб такя мекунанд. Имрӯз Абулашъасу Абуюсуф Яъқуб лашкари варзидаву мусаллаҳ доранд. Чаро Бухоро барои ҳимояти сарҳадоти худ лашкари варзидаи худро надошта бошад?!

Абузакриё: Ман нияти шуморо мефаҳмам, бо вуҷуди он аз оқибати кор метарсам. Ҳанӯз бузургони Бухоро дар Самарқанд ҳастанд ва онҳо метавонанд амирро зидди шумо барангезанд.

Амир Исмоил: Гумон намекунам.

Абузакриё: Ман метарсам, байни шумо ҷудоӣ наяфтад.

Амир Исмоил: Абузакриё, шумо натарсед. Ҳеҷ гоҳ чунин ҳоле рух нахоҳад дод.

Абузакриё: Бар замми ин муносибати шуморо бо Рофеъ ҳар хел баҳо хоҳанд дод.

Амир Исмоил: Яъне? Муносибати дӯстиро ҷуз дӯстӣ чӣ баҳое метавон дод?

Абузакриё: Худо накунад. Агар ин дӯстиро иттиҳоди зидди ҳукумати марказӣ маънидод кунанд?!

Амир Исмоил: Абузакриё! Дигар гӯё шакку шубҳаҳои шумо дар ман русух мекунад ва андешаамро машкук месозад.

Абузакриё: Аз бало ҳазар!

Амир Исмоил: Дуруст аст, то бад наяндешӣ, нек пеш наёд. Худ ҳукумат кардан балост. Ҳамеша бояд аз чизе нигарон буд. Дар акси ҳол зулму бедод густариш хоҳад ёфт.

Абузакриё: Амирам гуфтан мехоҳанд, ки агар шамшер вуҷуд намедошт, ситамгорӣ зиёд мешуд?

Амир Исмоил: Ин тавр ҳам фаҳмидан хато нест. Вале бояд он тарзе зиндагӣ кард, ки ҳамсоят ҳамеша аз ту дар биму ҳарос ва нигаронӣ бошад. Барои ҳамин ҳам хироҷи Бухоро ба худи мо заруртар аст, то мо тавонем худро аз биму ҳароси бегонагон эмин созем. Ғайри ин андешаи дигар ботил аст.

Кушки Аъло

Хусайни Аъло шамъҳои толори мунаққашро мегиронад. Тасвирҳо аз даруни торикӣ бурун меоянд ва сояҳо рӯйи ишон меларзанд. Хоҷа бо вазъи парешон хомӯш нишастааст. Хусайни Аъло бо ба анҷом расонидани рӯшан сохтани шамъҳо ба назди ӯ бармегардад ва дар баробари

пешина
аз 675
навбатӣ