Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ин васила онҳо метавонанд бар куллии Хуросон ҳокимият кунанд. Хулафо низ ишонро дар ин амр дастгирӣ хоҳанд кард..."

Рофеъ: Чӣ маслиҳат медиҳӣ? Ман чӣ бояд кунам?

Ҳамӯя: Ройи ман он аст, ки ту дар кори ҳарбии ин ду бародар даҳолат накунӣ ва дар ҷанг ширкат нанамой, балки он дуро ба сулҳу оштӣ водорӣ.

Рофеъ: Бисёр хуб, ман бояд дар ин хусус бияндешам.

Ҳамӯя: Шаби хуш...

Баромада меравад.

Рофеъ: Бирав, Муҳаммад бинни Ҳорунро ба ин ҷо даъват кун.

Ғуломи турк меравад. Рофеъ аз рахт мехезад ва пасу пеш қадам мезанад.

Чодари амир Исмоил

Ба ҷуз Рофеъ бинни Ҳарсама ва Муҳаммад бинни Ҳорун дигар ҳама ҳастанд.

Абуҳомиди Ясорӣ: Мардуми шаҳру ноҳияҳои Бухоро аз мо рӯ гардондаанд. Ба мо ҳатто алуфа намедиҳанд.

Амир Исмоил: Ба кадом далел? Магар мо дар ҳаққи ишон зулм раво дидаем?

Абуҳомиди Ясорӣ: Мардуми вилоят мегӯянд, ки лашкари мо хориҷиёнанд ва моро ҳалол набушад нусрат додани ишон.

Ҳусайни Аъло: Дар воқеъ сарбозону устури сипоҳ аз гуруснагӣ ҳалок мешаванд ва ин шаҳру деҳот дар тасарруфи амир Наср мебошанд.

Амир Исмоил: Дигар бояд лашкарро ба таъқиби амир Наср бурд. Он гоҳ шаҳру деҳот ба тасарруфи мо хоҳанд даромад.

Чодари Рофеъ

Муҳаммад бинни Ҳорун вориди чодари Рофеъ мешавад.

Рофеъ: Ман аз мақсади ин ду бародар огоҳ нестам ва худро эмин эҳсос намекунам. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дар ниҳон нақшаи дигаре доранд.

Муҳаммади Ҳорун: Мо ба кӯмаки яке аз ин бародарон

пешина
аз 675
навбатӣ