Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
омадаем. Бо ин ҳама талафоти ҷонию молӣ, дар сармои зимистон дар паймони хеш вафо кардаем. Дигар бақия кори ишон аст.
Рофеъ: Дуруст, ки кори ишон аст, вале метарсам, ки дар миён фиребе бошад. Зеро хонадони Сомонӣ байни хеш муттафиқанд ва бо ин сифат шинохта шудаанд. Агар ҳарду бародар бо якдигар бисозанд ва лашкари моро дар миён гиранд, аз дасти мо чӣ меояд?
Муҳаммади Ҳорун: Пас амирам чӣ кор карданӣ ҳастанд?
Рофеъ: Бояд онҳоро оштӣ дод ва аз шарри ишон дар амон буд.
Ҳорун: Амир Исмоил ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавад.
Рофеъ: Ҳоло мо бояд расуле ба назди амир Наср бифиристем ва ба ӯ бифаҳмонем, ки "мо ба ҳарб наёмадаем, бар он омадаем, то миёни шумо сулҳ кунем". Ҳамин ҳоло ба Кармина ба назди амир Наср одам фиристед. Эҳтиёт кунед, одамони амир Исмоил аз мақсади мо огоҳ нашаванд.
Ҳорун: Шароити сулҳ чӣ гуна аст?
Рофеъ: Мо намедонем, бигзор ишон худашон шарту шароити сулҳро муайян кунанд. Мо фақат метавонем кафил шавем ва худро наҷот диҳем. Вассалом, ин худ неъмати ноёбест.
Муҳаммад бинни Ҳорун аз ҷодар бадар меравад. Боди сарду тунде вазон аст, гулханҳо хомӯш шудаанд ва Ҳорун аз миёни ҷодарҳои хурду бузург гузашта, ба ҷодари худ мерасад. Дар масири роҳ садои нолаи сарбозони бемору гуруснаву сармозада ба гӯшаш мерасад.
КАРМИНА
Ҳуҷрае дар кушки ҳокими Кармина. Ҳама бузургони Самарқанд ҳузур доранд ва гирди дастурхони пурнозу неъмат нишастаанд. Ҳоҷиби кушк вориди маҷлис мешавад.
Ҳоҷиб: Амирам, марде исрори бор ёфтан мекунад ва мегӯяд муҳиме аз Рофеъ бинни Ҳарсама барои амирам дорад.
Амир Наср: Бигзор дарояд.
Ҳама ба сӯйи дар менигаранд. Марде баландболо дар либоси мардумони маҳаллӣ ворид мешавад ва замини қурб мебӯсад. Ва аз шиддати сармохӯрдагӣ меларзад. Ранг дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё