Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

барои ҷанг фаро хонем. Наврӯз ин бор моро барои хунолуд кардани сабзазорон, сар задани навниҳолон фаро мехонад. Худо шоҳид, мо намехостем. Вале бародарамон дар Бухоро моро ба ин амали зишт во доштаанд. Худо шоҳид, мо намехостем дар чунин рӯзе муборак айши шу-моро муганнас созем. Ғозиёнро барои гулгун сохтани ка-фанҳо фаро хонед. Мо мадад аз худои худ металбем. Мар-думи мо дахолати бегонагонро намехоҳад. Мо ба қудрати силоҳшӯрии мардуми худ такя мекунем, зеро дар корзо-рҳо хештанро шинохтаем.

Хоҷаи Бузург: Хоҳишмандам, барои охирин бор бузур-гони кишварро ба Бухоро фиристем, то ӯро насиҳат ку-нанд.

Амир Наср: Бо эътимодтарин наздикони хеш Симо-ал-Кабир ва Абуяъқуб Исҳокро бо ӯ ҳамроҳ кардем, то аз кир-дори нигаронкунандаи бародар эмин бимонем. Вале он чунон, ки мебинед эшон низ дар шӯъбадаҳои ӯ шарик шу-даанд. Дигар бо забони сулҳ бо ӯ сухан гуфтан як кори бехудаву беарзиш буд. Мо дигар на ба қавл, на ба сав-ганд, на ба амали бародари хеш эътимод дорем. Бинобар ин ба Фарғонаву Чоч нома нависед ва талаб намоед, ки бародарронамон бо лашкарҳояшон ба зудӣ биёянд. Ба та-моми сарони лашкар, ки дар маҳалҳо ҳастанд, нома нави-сед ва ба Байканд расул фиристед, то лашкари сарҳад хушёр бошанд ва бо оғоз шудани ҷанг ба ҷониби Бухоро ҳаракат кунанд. Инналлоҳа яъмурукум ан тувадду ал-амо-нати илло ахлиҳо ва изо ҳакаматум байна ан-носи ан таҳ-куму биладли, яъне: Ҳамоно худованд ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибони онҳо боз гардонед ва чун дар миёни мардум доварӣ кунед, ба адолат ҳукм биронед. Омин, оллоҳу акбар.

Ҳама даст ба рӯй мекашанд.

БУХОРО

Қасри Амир Исмоил ҳанӯз осори тазйини идонаро нигоҳ доштааст. Дар толори боргоҳ бузургони Бухоро ва аҳли дарбор Симо-ал-Кабир - сипаҳсолор, Ҳусайни Аъло-соҳибшурта, Абуяъқуб Исҳок-амири хироҷ, Аҳмади Марвазӣ ва Муҳаммади Марвазӣ, Абумуҳаммади Бухорхудо ва Абуҳомиди Ясорӣ гирд омаданд. Амир Исмоил ба тоҷе

пешина
аз 675
навбатӣ