Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Муҳаммади Нӯҳ: Амирам, магар Абоиброҳим боз...
Амир Наср: Мо дигар маҷбурем, ки ӯро ҷабран аз Бухоро биронем. Ба ман мегуфтанд, ки ӯ ба саросари Вароруд тамаъ дорад, вале ман бовар намекардам. Ҳамеша меҳри бародари бар дигар эҳсосоти ман ғолиб меомад. Акнун, ки фикр мекунам, ҳамеша дар қиболи рафтори ӯ ғӯл хурдаам.
Муҳаммади Нӯҳ: Магар Абоиброҳим бар амирам осӣ шудаанд? Ба ҷониби Самарқанд лашкар кашидаанд?
Амир Наср: Ӯ паймони сулҳро шикастааст. На ба даъвати мо гӯш фаро медиҳад ва на ба насиҳати амири Хуросон эътино мекунад. Магар ин маънои эъломи ҷангро надорад?! Ин эъломи ҷанг аст! Ба қаср бармегардем. Ҳеҷ баҳоре бар дилам сафо намебахшад. Бояд ба зудӣ чораи кори амири осии Бухороро дид.
Амир Наср бар лаби ҷӯй сари по мешинад, дасту рӯяшро бо оби софу сарди баҳорӣ мешӯяд. Муҳаммад бинни Нӯҳ миёнбандашро аз зери қабояш кашида, ба амир Наср дароз мекунад. Амир Наср дасту рӯяшро поккунон ҷониби қаср меравад. Ғуломуну канизон рӯи ҳавлии қаср равуо доранд. Онҳо вориди қаср мешаванд. Даруни қаср муҳити идӣ ҳукмфармост. Садои мусиқии тарабангез аз ҷониби шабистон меояд. Ғуломуну канизон дар либоси идона, хешро ҳамчун баҳор оростаанд. Ҳама ҷо аз бӯйи гул муаттар. Бузургони Самарқанд, ашрофу мансабдорони дарбор сари дастурхони идона нишастаанд. Бо ворид шудани амир Наср ва Муҳаммади Нӯҳ ҳама аз ҷой мехезанд ва идро барои амир муборак бод мегӯянд. Амир аз миёни суффаҳои пуродами толори пуршукуҳу бо гулу баргҳои тоза муаззаян гузашт, ба суффаи тахтгоҳ меравад. Баъди он, ки ҳама дубора ба ҷойҳои хеш менишинанд, амир Наср сухан мекунад.
Амир Наср: Мо имрӯз рӯзҳои охири Наврӯзро, ки Ҷамшед бар мо суннат гузоштааст, бар ҳамаи шумо муборак мегӯем. Ин рӯзи бахшишу дод аст. Рӯзест, ки кинаҳо аз дилҳо берун кунанд, ҷонҳоро бо фурӯғи меҳр татҳир кунанд, ақлҳоро бо сафои ишқ рахшон кунанд... Вале афсӯс, ин бор Наврӯз ба дилҳои мо наёмад. Мо маҷбурем дилҳоро аз кинаҳо лабрез кунем, ҷонҳоро дар зулмати қаҳр мунҳасир кунем, ақлҳоро ба ҷаҳолати хашм кур кунем. Ин хости мо нест, вале моро маҷбур мекунанд. Маҷбур мекунанд, ба Фарғона нома кунем, ба Чоч нома кунем, лашкарро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё