Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ТаърихАдабиёт
Аз аввал хонданВале ӯ бо ин манзара дастрасӣ надорад. Ва фарёд мезанад:
- Шумо куҷо шудед, эй бародарони ман?
Худро рӯйи фарш афганда мегиряд.
Фарш сурх мешавад.
Барф сурх мешавад.
Абр сурх мешавад.
Ҷомаш сурх мешавад.
Аспаш сурх мешавад.
Боди сурх мевазад.
Ва ӯ тани танҳо, гум шуда дар саҳро гиря мекунад...
Ӯ чашм боз мекунад. Бародаронаш, фарзандонаш, додарзодаҳояш, амубачаҳояш, гирди болинаш ҳалқа заданд ва бо чашмҳои аз бехобӣ даридаву сурхшуда ба ӯ менигаранд.
Амир Наср: Шумо ҳамин ҷо ҳастед? Абоиброҳим ку?
Амир Исмоил: Ман ҳамин ҷо ҳастам, амирам.
Амир Наср дасти ӯро гирифта қабати панҷаҳои намнокаш беҳолона мефишорад ва дар чашмони ӯ хира мешавад.
Амир Наср: То ба ҳол туро интизор будам... Хушо, ки омадай!... Маро дарво кунед.
Ӯро бо эҳтиёт нимхез мекунанд ва болиштҳои зиёде бар гурдааш мегузоранд.
Амир Наср: Имрӯз рӯзи супурдани амонатҳост. Ҳар чизе, ки рӯзе дода шуд, боз рӯзе ситонда мешавад. Ин дунёи муомила аст. Бозори доду ситад!...
Абуаҳъас Асад: Амирам хаста шудаанд, лаҳзае фароғат кунанд.
Амир Наср: Ташна шудаам. Оби сарди чашмасорам диҳед. Аз ташнагӣ забонам ба комам часпидааст. Танам аз оташи ташнагӣ хушкидааст. Обам диҳед...
Амир Исмоил аз кӯзае бар пиёла об рехта ба амир Наср худаш нӯшонданӣ мешавад, вале ӯ ин нияти бародарашро рад мекунад ва пиёларо аз дасташ гирифта, ба як нафас дам мекашад. Пиёларо боз дароз мекунад. Амир Исмоил онро гирифта аз об пур мекунад.
Амир Наср: Шутурро ба кафлес об намедиҳанд... Пиёлаи дуюму саввумро низ ҳамчунон дам мекашад ва шукронаи худованд ба ҷой меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё