Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Наср: Бародари азизам Абулашъас, дигар фурсати фарогате намондааст.
Ба атрофаш бори дигар назар меафканад, гӯё касеро мекобад, вале наёфта ба фарзандаш Аҳмад муроҷиат мекунад.
Амир Наср: Бузургони дарборро ҳам даъват кунед. Замоне буд, мо ҳамагон гирди сари падари хеш ҳалқа зада будем. Ва ҳеҷ кадоме аз мо он вақт ба хаёл наёварда буд, ки рӯзе гирди сари ӯ низ ҳалқа хоҳанд зад. Он рӯз барои ман фаро расид. Умри ман ба охир расидааст.
Бузургони дарбор бо эҳтиёту оромона вориди ҳуҷра мешаванд ва дар гӯшае рост меистанд. Амир Наср ба ҳасрат сӯйи онҳо менигарад.
- Биёед меҳмони ман. Чаро истодаед, биншинед. Шумо, ҳам бародаронам, фарзандонам биншинед, хоҳиш мекунам... Наздик-наздик шинед... Ман дар зиндагонии хеш хушбахт будам. Аз неъмати ҳар айёми умр бениёз будам. Дӯстонам ба воситаи некиҳои ман хушбахт ва душманонам ноумед шудаанд. Ватанам, ки дастхуши тохтутози бегонагон буд, замоне, ки онро падруд мегӯям, орому осоишта аст ва мардумонаш ба хушӣ зиндагӣ мегузаронанд. Бо вуҷуди ин ҳамеша бимнок будам, ки мабодо шикасте бинам ё хабари бадбахтиеро бишнавам. Дар умри худ ҳеҷ гоҳ такаббур, шодии берун аз андоза накардаам. Акнун, ки умрам ба поён расидааст, хушбахтам, ки шумоёнро, эй бародари ман, эй фарзандони ман, зиндаву солим мебинаму меравам, ватану дӯстонамро саодатманд мегузораму мегузарам. Пас аз рӯйи инсоф мебуд, агар баъд аз сари ман ҳар замоне, ки ба ёди ман уфтодед, ёди касеро кунед, ки саодатманд будааст...
Бори дигар ҳозиринро якояк аз назар мегузаронад ва баъд ба панҷара, ки нури рӯшани хуршедрод ба дохил интиқол медиҳад, хира мешавад. Дар назараш аспҳои пуштлуч дар чарогоҳҳои бе баргу гиёҳ метозанд. Ва ӯ бар аспе бе лаҷому зин нишастааст ва аспи лоғару ваҳшӣ ӯро ба ҳар тараф мебарад.
- Ман имрӯз бояд амонатеро, ки бо худ дорам, ба соҳибаш биспорам, яъне бояд ҷонишини хешро муайян кунам, то дар миёни шумо пас аз ман ихтилофе наяфтад. Эй бародарон, эй фарзандон ман ҳамаи шуморо ба як андоза дӯст медорам, ҳамаи шумо барои ман як сон азиз ҳастед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё