Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
нест, ки эшон дар ин ҷо исён кунанд. Шумо эшонро мешиносед.
Хоҷаи Бузург: Ман гумон намекунам, вале боз Худо медонад. Амирам киро дар назар доранд?
Амир Исмоил: Гумон мекунам, бародарам Абуашъас Асад ба ман дили хуш надорад ва аз маро валиаҳди худ хондани равоншод чандон розӣ ҳам нест.
Хоҷаи Бузург: Гумон намекунам, Абуашъас як марди худотарс ва қадршинос аст.
Амир Исмоил: Ман ин рӯҳияи бадбинии ӯро вақти дар ҷанг шикаст хӯрданаш, ҳис карда будам. Равоншод Абунаср аз гуноҳам гузашт ва боз маро валиаҳди хеш эълон кард. Вале Абуашъас ҳамчунон сангдил боқӣ монд ва аз амири кулли Мовароуннаҳр шуданам чандон розӣ нест. Аз ӯ хавф дорам. Дар ғайбатам ӯ метавонад бо хонадони Ковус, ки ба мо чандон рӯйи хуш намедиҳанд, забон як кунад ва балво барангезад.
Хоҷаи Бузург: Пас амирам чӣ ният доранд?
Амир Исмоил: Барои дафъи бало, мехоҳам ӯро аз ин вазифа узл кунам ва ба ҷойи ӯ каси дигареро таъин намоям.
Хоҷаи Бузург: Киро?
Амир Исмоил: Абуяъқуб Исҳоқро.
Хоҷаи Бузург: Марде олим аст. Абуашъас Асад чӣ мешавад?
Амир Исмоил: Ба ӯ нафақаи якумрӣ таъин мекунам, бигзор ба Самарқанд баргардад.
Хоҷаи Бузург: Агар розӣ нашавад?
Амир Исмоил: Ногузир ӯро ба зиндон андозем.
Хоҷаи Бузург: Умедворам, кор то ба ин ҷо намекашад.
Амир Исмоил: Ман ҳам ба ақлу тадбири Абуашъас умед мебандам. Ва Аллоҳу аълам.
Аз аспҳо пиёда мешаванд, аз ҷилави аспҳо гирифта оҳиста-оҳиста зери дарахтҳои себу зардолу қадам мезананд.
Амир Исмоил: Амри Лайс моро барои шитоб кардан маҷбур месозад. Моро маҷбур месозад, ки мардумамонро барои ҳамеша омода ва дар ҳолати ҷанг нигоҳ дорем.
Хоҷаи Бузург: Магар ин вазъияте, ки мардумро дар он қарор медиҳад, барои ҳукумат ва якпорчагии мамлакат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё