Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

вазъи аҳволи онҳоро хеле хуб дарк мекунад.
Дар охири кӯча амир Исмоил бо ҳамроҳонаш хайру хуш мекунад ва ба аспаш савор мешавад. Раис ва имом пас аз он, ки ӯ дар хами кӯча нопадид мешавад, аз роҳи рафтаашон бармегарданд. Онҳо сӯҳбаткуному ҷадалкунон ба сад гумону тахмин омадани амир Исмоилро ҳадас мезананд.

Беруни Кармина

Рӯзи нӯҳуми рамазон дар маҳалли поён ёфтан аст. Сарбозон ҳар кадоме бо коре машғул аст. Амир Исмоил дар рӯйи харсанги соҳили рӯд, нишастааст ва нигоҳаш ба ҷараёни об бастааст. Ӯ андешанок аст. Дар ҳамин вақт Фазл бинни Аҳмади Марвазӣ ва Закариё аз Бухоро бармегарданд. Исмоил ба назди эшон меравад. Онҳо ба дохили хаймаи амир Исмоил медароянд.
Амир Исмоил: Хӯш, чӣ хабар? Абулҳафси Сағир чӣ пешниҳод мекунад.
Фазл: Узр мехоҳад, ки наметавонад ба хизмати шумо биёяд.
Амир Исмоил: Наметавонад ва ё намехоҳад?!
Фазл: Вазъият дар Бухоро чунон аст, ки гумон мекунам, наметавонад.
Амир Исмоил: Вазъият дар Бухоро чӣ тавр аст?
Фазл: Хеле муташанниҷ. Хабари ба Бухоро омадани амирам аҳли Бухороро ба фирқаҳо ҷудо кардааст.
Амир Исмоил: Онҳо чӣ мехоҳанд?
Фазл: Он чунон ки фақеҳи бузурги Бухоро шарҳ дод, онҳо даҳолати бегонагонро ба умури давлатии худ намехоҳанд. Амир ва сипоҳиёнаш аз омадани амирам бадгумон шудаанд.
Амир Исмоил: Пас фақеҳи бузург ва тарафдоронаш чӣ мехоҳанд?
Фазл: Онҳо ба фазилат ва ҳусни тадбири ҷаноби олӣ умедворанд, ки масъала бо роҳи гуфтушунид ҳал шавад.
Амир Исмоил: Дигар чора ҳам надорем. Худо кунад, ки онҳо аз теъдоди лашкари мо огоҳ нашаванд. Дар акси ҳол тамоми ниятҳои мо беҳуда аст. Ба ҷуз шармандавор ҷониби Самарқанд гурехтан дигар чорае нест.
Фазл: Ҳама дар Бухоро аз маҳорати лашкаркашии шумо

пешина
аз 675
навбатӣ