Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ман расмӣ нест. Ва ман намехоҳам, ки дар ин хусус дару дарвоза шавад. Ман аз меҳрубонии шумо мамнунам, вале маъмурияти ташрифи мо иҷоза намедиҳад. Аз лутфи шумо мамнунам.
Раис: Ақалан ҳамин бегоҳ меҳмони ман шавед ва рӯзаро бо ҳам кушоем. Таманно мекунам, рад накунед. Боиси ифтихори ман аст...
Амир Исмоил: Фардо ман дар хизмати шумо ҳастам. Баъди намоз шумо маро то ба хиргаҳ ҳамроҳӣ мекунед.
Раис: Ба чашм. Вале хеле боиси таассуф аст, ки... (хиҷолатзада аст, бе дасту пост, чӣ кор карданашро намедонад). Мо шарманда ҳастем... Рафтори мо дар ҳеҷ гӯшаи ҷавонмардӣ намеғунҷад. Ман шарманда ҳастам...
Садои муаззин баланд мешавад. Одамони рӯи ҳавлӣ ба дохили масҷид медароянд. Дермондагон бо шитобу ҳарос худро то ба масҷид мекашонанд. Имоми масҷид бо ҳамсӯҳбатонаш як по-як по вориди толори масҷид мешаванд.
Мардум аллакай саф кашидаанд. Имом бо тамкин ва то андозае ифтихормандона аз пеши саф мегузарад. Амир Исмоил ва раиси Кармина дар сафи охирин ҷой мегиранд. Ҳанӯз раис ҳиҷолатзада менамояд ва арақи шарму ҳаё аз сару рӯяш мерезад.
Баъди ба поён расидани намоз амир Исмоил бо ҳамроҳии раиси Кармина ва имоми масҷиди ҷомеъ ба кӯча мебароянд. Аспи сафеди амир Исмоил аз танҳоиву дилтангӣ пой ба замин мекубад. Исмоил аз лаҷоми асваш гирифта, бо ҳамроҳии раиси Кармина ва имоми масҷиди ҷомеъи Кармина дар кӯчаҳои хилвати деҳ ба сӯйи мақарри хеш меравад. Ҳаво сахт тафсон аст.
Дар ду тарафи роҳ хонаҳову кӯшқҳо бо боғҳои пур аз долу дарахт қад афроштаанд. Оби ҷӯйҳои ду тарафи роҳ зулолу бо садо ҷорист. Мӯйсафеде чанд пушт ба танаи дарахтони лаби ҷӯй беҳолона гузошта, дар худ фурӯ рафтаанд. Онҳо на ба ҷараёни оби ҷӯй, на ба гузашти умрашон ва на ба гузарандагони ин роҳ эътибор медиҳанд. Онҳо ба ҳама чизе, ки дар ин дунёст, беэътино шудаанд. Гоҳ аз гоҳ ба худ меоянд ва чанд ҳарфе байни ҳам радду бадал намуда, боз ба умқи андешаи хеш фурӯ мераванд. Амир Исмоил бо ҳамроҳонаш ҳини аз миёни онҳо гузаштан салом медиҳад, вале бе ҷавоб мемонад, гӯё саломашро нашунида бошанд. Гӯё чизеро нашунидаанд. Исмоил ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё