Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Ман мехоҳам аз хусуси шумо мутмаин бошам...
Абулашъас Асад: Амирам ҳар чӣ фармоянд, роҳи мақбул ҳамон аст.
Амир Исмоил: Таҳаввулоти сиёсии кишварҳои хилофати ислом, бахусус кишварҳои шарқии хилофат такозо менамояд, ки мо низ вобаста ба он равиши корбарии хешро тағйир диҳем. Мо дар садади он ҳастем. Бинобар ин Абӯяъқуб Исҳоқро ба ниёбати хеш дар Фарғона амир таъин менамоем. Умедворам ишонро мешиносед: ишон дар баробари соҳибтадбиру силахшӯр будан боз олим ҳастанд. Хилъат!
Ҳамӯя бинни Алӣ хилъат меорад. Абӯяъқуб Исҳоқ бо ишорати амир Исмоил аз ҷояш хеста ба назди тахтгоҳ меравад ва дар ҳолате, ки ҳаяҷонзада аст ба амир Исмоил бо овози қариб ношунаво мегӯяд:
Исҳоқ: Хуб нашуд. Ӯ бародари бузурги мост. Мардум чӣ мегӯянд?
Амир Исмоил: Ӯ аз мо розӣ нест, ӯ моро намехоҳад!
Исҳоқ: Бародари бузургамон амир Наср низ ҳамчунин мегуфт. Дигарон низ ҳамчунин мегуфтанд.
Амир Исмоил: Онҳо намедонистанду мегуфтанд. Ман ҳеҷ гоҳ бар зидди бародари хеш амир Наср мубориза набурда будам, балки бар зидди муддаиёни ӯ меҷангидам. Имрӯз ҳам меҷангам.
Ва хилъатро ба китифони Абӯяъқуб Исҳоқ мепартояд ва ҳозирон ӯро муборак бод менамоянд. Абулашъас Асад аз толор баромада меравад. Чашми амир Исмоил аз пасаш роҳ мебандад. Дигар ҳеҷ садое ба гӯваш намедарояд ва фақат садои андешаи хешро мешунавад: "Ӯ эътироз мекунад. Ӯ исён кардан мехоҳад, вале намедонад, ки ӯ худ охирин мухолифи мост. Ӯ намедонад, ки дигар танҳо мондааст"...
Чангу ғубори роҳ ба осмон мепечад. Охири лашкари амир ғозиён ҳеҷ пайдо нест. Онҳо мераванду мераванд. паси сар гузошта маргзорҳои хушкидаро, регзорҳои тафтаро, гареваҳои бефурӯғ чун гургонҳои қадимро. Амир Исмоил ба ҳамсафаронаш, ба сипаҳсолорони лашкараш мегӯяд:
-Ба сарбозон, ба ғазиён бифаҳмонед: Дар ҷои ин куббаҳо, ин ҷодарҳои пурбуву чиркин дигар бояд гулбунҳо бирӯянд. Ин даштҳо бояд аз хунҳо шодоб шаванд. Ва лолаҳо ба домони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё