Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

модарону арӯсон кӯч банданд. Ва шақоиқҳо ба сару рӯю синаи ҷавонон бирӯянд... Ин калом чун мавҷи дарё дар миёни лашкари ғозиёни Вароруд лаб мезанад. Чашмони дар ғубори роҳу боди саҳро хушкидаву бефурӯғшуда аз нав медурахшанд, аспҳои аз ҳол рафта, гӯиё аз нав ҷон мегиранд ва пойҳои хешро ба зарбат бар замин мезананд ва барои чорхез задан омодагӣ мегиранд. Аз ҳама ҷо, аз ҳар тараф садои ба ҳам хӯрдани силоҳ меояд...

Ва дар маргзорҳои сабзу хуррам тифлони беғам бозӣ мекунанд, баррачаву бузголаҳо, говҳову гӯсолаҳо ба чор тараф ҷастухезкунон медаванд, шоҳпаракҳо ҳам рангоранг бар гулзорҳо ба парвоз меоянд. Гӯё ин дунё фақат садои зиндагӣ танинандоз аст. Гӯё зиндагӣ аз нуқтаи оғозини хеш нашв намудааст...

Дар уфуқҳои дур озарахш медурахшад. Ва ғозиён аз сари роҳи хеш куббаҳои хокистаргуну чиркинро бармечинанд. Ва андешаи амир Исмоил дар саросари ин паҳно садо медиҳад: “Зиндагӣ дар ёфтани фурсат аст ва ин фурсат ғанимат аст!...”

Хаймаҳо дар масири роҳ оташ мегиранд. Рамаҳо меафзоянд, ва қарлукҳои ҷавон ба асорат мераванд...


Лашкари ғозиёни амир Исмоил дар наздикии шаҳри Тироз чодар мезананд. Дастаи язаки лашкар аз иҷрои супориши сарҳангҳо бармегардад. Сарони лашкар дар хаймаи амир Исмоил ҷамъ омадаанд. Сардори язак вазъияти гирду атрофи шаҳрро, ки бо рабази мустаҳкаме печонда шудааст, мефаҳмонад.

Язакӣ: Мо натавонистем шаҳрро аз наздик тадқиқ кунем. Туркҳои қарлукӣ дар беруни шаҳр хайма задаанд ва шумораи тугашон ба бист ҳазор мерасад.

Амир Исмоил: Ишон дар чӣ вазъе қарор доранд?

Язакӣ: Аз тадорукашон чунон пайдост, ки аз қасди амирам огоҳ мебошанд.

Амир Исмоил: Солорҳои лашкар дар ин хусус чӣ фикр доранд?

Ҳамӯя бинни Алӣ: Ман гумон мекунам, онҳо ҳанӯз аз хайма заданамон дар ин ҷо огоҳӣ надоранд ва салоҳи кор он аст, ки ишонро ғофилгир кунем.

пешина
аз 675
навбатӣ