Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Симо-ал-Кабир: Аз рӯйи одат, шоҳон ба мардуми кишварҳои тасхиршуда бовар намекунанд. Пурсиши ман ҳам ба ҳамин хотир буд.
Амир Исмоил: Агар мо ба онҳо бовар намекардем, эшонро соҳибмансаб намегардондем.
Симо-ал-Кабир: Узр мехоҳам...
Амир Исмоил: Боке нест! Онҳо низ ба мисли шумо аз ҳамқавмҳои мо ҳастанд, вале гумроҳ шудаанд. Онҳоро ба роҳи ҳақ ҳидоят кардан, ислоҳ кардан аз вазифаҳои мост. Онҳо ҳанӯз аслу насаб ва қавмияти хешро фаромӯш накардаанд: онҳо бо ифтихор худро хоҷа, яъне озодагон мешуморанд. Магар ин кофӣ нест, ки мо ба эшон бовар дошта бошем?!
Симо-ал-Кабир тамоми гуфтори амир Исмоилро ҳамчун танбеҳе ба худ қабул намуд ва зери бори миннат ва таҳқир аз арақ тар шуд.
Амир Исмоил: Бо гузашти қарнҳои мадид, ба сабаби дурафтодагияшон, шояд забону қавмияти худро гум намоянд, вале ҳаргиз озоданажод будани хешро фаромӯш нахоҳанд кард. Ин як амри мусаллам аст.
Калисо ба масҷид табдил шудааст. Муаззин аз болои манора азон мегӯяд. Мардуми шаҳр ба масҷид мерезанд. Амир Исмоил хутбаи намози ҷумъаро ба номи халифаи аббосӣ Мӯътазид қироат менамояд.
Мо дар ин шаҳр ба пирон, занон ва кӯдакони қарлук ба шарти пазируфтани ислом амон медиҳем. Бигзор онҳо ба диёри худ баргарданд ва ба ҳамқавмони худ бифаҳмонанд, ки турк тозиву чаповали онҳо дигар дар кишвари исломии мо беҳуда ва як амали бесамара аст. Мо метавонем кишвари худро аз ҳама гуна ғорату таҷовуз ҳимоят кунем. Агар бебасароне ҳаваси диёри мо кунанд, ҷуз ба шамшери охта истиқбол нахоҳанд шуд.
Бародарони аҳли ислом, дигар ҳимояти сарҳадоти шимолии кишвари исломӣ бар гардани шумост. Шумо дигар ғазиёни исломед ва вазифаи шумост, ки ҳар ширку бединиро дар ин қисмат аз беху бун барканед. Мо барои амалӣ шудани ин ҳадафҳо ба кумаки шумо омӯзгоруну устодон, фақеҳону донишмандонеро ин ҷо мегузорем, то мактабҳои исломӣ ба вуҷуд оянд. Аз байни ғазиён ихтиёриёне пайдо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё