Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
шудаанд, ки ин масъулияти азимро ба гардан мегиранд. Мо ба онҳо дар ин амри муҳим аз даргоҳи Худованди якто тавфиқ таманно мекунем. Ва вазифаи шумост, ки эшонро дар ҳама умур бедареғ кӯмак намоед. Аллоҳума салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин камо салайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима иннака ҳамидун маҷид. Аллоҳума борика ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин камо борика ъало Иброҳима ва ъало оли Ибро-ҳима иннака ҳамидун маҷид...
Аҳли масҷид салавотро такрор мекунанд.
Амир Исмоил: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ...
Аҳли масҷид: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар!...
Лашкари анбӯҳ бо ғаноими ҳангуфт дар роҳ аст. Шаб мегузараду рӯз мегузарад. Мегузорад баъди худ бар пан-ҷаи бод хокистартӯдаҳоро. Бод чизеро аз эшон нишон намегузорад. Пайи пои аспҳошонро, хокистари гулхан-ҳои хомӯшро месутурад. Рафтану омадани бенишон, хас-такунанда, сутуранда ба мисли хӯра... Вале каломи тав-ҳид бар забони бод аст: ҳама ҷо, дар масири лашкари анбӯҳ мудом садо медиҳад.
Лашкари ғазиёни солори ғазиён бар дили хунолуди хур-шед фурӯ меравад ва аз дили бехуну зарду рангпаридаи он бурун мехазад, ба мисли латабаста хун бар паҳнои дашт доғ мебандад. Гӯё ин лашкар ҳамеша дар роҳ будааст, хас-тагинопазир роҳ мепаймудааст: каломаш бар забони бод...
Шаҳбону: Имрӯз духтарамон ба балоғат расидааст, хос-тгорон аз ҳама вилоят омадаанд.
Амир Исмоил: Онҳо киҷонанд?
Шаҳбону: Бузургони кишвар...
Амир Исмоил: Худи духтар чӣ мегӯяд ва интихобаш бар кист?
Шаҳбону: Ӯ ҳеҷ каломеро намешиносад ва ҳукми даҳо-ни худро бар қиблагоҳаш додааст.
Амир Исмоил: Бисёр хуб... Мо хушбахтии фарзанди хеш-ро мехоҳем. Ӯро назди ман фиристед.
Шаҳбону баромада меравад ва баъди чанд лаҳза духта-раш вориди ҳуҷраи падараш мешавад.
Амир Исмоил: Фарзандон ченаки замонанд. Мо дар нумӯи онҳо гузашти умри хешро мебинем... Биншин (ҷое дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё