Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
мешавад, ба бод меравад, магар гавҳари доной.
Бод шӯълаҳои оташи гулханро ба рақс меоварад. Лашкари анбӯҳи амир Исмоил аз хилоли ин шӯълаҳои рақсанда мегузарад. Ва бод ҷамҷамаҳои сари инсонро чун чӯбкадуҳои хушк дар дили дашт ба ҳар сӯ мегелонад. Ва нигоҳи сӯзандае аз қаъри гулхан ба амир Исмоил менигарад...
Ва марде зинда ба зинда дар танури оташ фурӯ меравад.
Ва аъзои бадани мардеро қисм-қисм ба танӯраи оташ фурӯ мерезанд.
Ва бод бӯйи сӯхтаи устухонҳои Муқаннаъу Мукаффаъро ба машомаш мерасонад.
Ва танӯраи нуре ба сӯйи осмон меравад ва дили даштро дар зулмати шаб рӯшан месозад.
“Оре, бузургмардони хиради ин сарзамини пахновар роҳро барои ҳамеша бар мо рӯшан гардондаанд!”...
Ва аз дуриҳои дур, аз қаъри зулмат, аз дили осмон, аз интиҳои беинтиҳо бод каломи рӯшангар меоварад: “Муқаннаъ... Мукаффаъ... Мансур”...
Ва озарахш медурахшад...
Ва раъд меғуррад...
Ва саворе бар аспи сафед мегузарад...
Ва шере андаруни қафас меғуррад...
Ва тифле ӯро ором мекунад...
Ва саре аз маснаде меафтад...
Ва шафақи осмон хунолуд аст...
Ва дарёи хун мавҷ мезанад...
Амир Исмоил аз бари синфхонаи писараш Аҳмад мегузарад. Садои дашном додани муаллимро мешунавад ва назди дар таваққуф мекунад. Аз дарун садои муаллим ба гӯшаш мерасад:
- Худованд ту ва он касеро, ки ту фарзандаш ҳастӣ, гиромиву хуш надорад!
Амир Исмоил вориди синфхона мешавад.
- Эй устод, оё гумон мебарӣ мо гунаҳкор ҳастем, ки ба мо носазо мегӯиву фаҳш медиҳӣ? Оё метавонӣ моро аз дашном муоф бидорӣ?
Устод сахт ҳаросид, забонаш лол монд ва амир Исмоил ба надимаш фармуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё