Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

-Ба устод инъом диҳед, ҷомаву салла пӯшонед.
Ва аз синфхона бадар меравад.
Ва чоки гиребони субҳ медарад.
Ва амир Исмоил лабханд мезанад...
Ва бод лабханди ӯро ба садо дароварда бар дили дашт мутанағим месозад.
-Кафорати фарзандон бар гардани падарон аст.

Дар миёни лашкар ғалоғула ба по мехезад. Оташи гулхан кайҳо хомӯш шудааст. Ва амир Исмоил тамоми шаб бедор буд.
Амир Исмоил: Бифаҳмед, чӣ мағал аст.
Ба ҷодари хеш медарояд ва баъди лаҳзае офтоба дар даст берун меояд. Дар ҳамин вақт Ҳамӯя меояд.
Ҳамӯя: Амирам, Танкиш бо хотун ва чанд нафари дигар фирор кардаанд.
Амир Исмоил: Онҳо дар ин саҳро наметавонанд ба ҷое бирасанд. Ишонро таъқиб кунед ва постбононро ҷазо диҳед. Мурдаву зиндаи онҳоро пайдо кунед.
Амир Исмоил паси ҷодар мегузарад, Ҳамӯя аз паси фармоиш меравад. Уфуқ ба ранги зард рух менамояд. Ва чанд даста аз саворон ба суроғи хони қарлукҳо мебароянд. Ғубори роҳ ба осмон мепеҷад...
Чанд нафар ғозӣ Танкишро ба завҷаву ёронаш пештози аспҳо мебаранд. Ба онҳо тозиёна мезананд ва ишон аз бими зери суми аспҳо намондан медаванд. Хаста, ташна, арақшор аз бими ҷон медаванд.
Сарбозе (бо овози баланд): Дигар то ба Самарқанд ҳамчунон хоҳед давид!
Сарбози II: Маълум аст, ки ҳеҷ гоҳ пиёда роҳ нарафтаанд. Бубин, ҳатто дуруст давидан наметавонанд.
Сарбози III: Хонумро рӯйи даст мебурданд.
Ва аспашро пеш давонда хонумро аз замин бардошта бар асп мешинонад ва паси гаевае мебарад. Ва сарбози аввал аз пасаш садо медиҳад.
-Зино макун!
Ва аз паси гарава овоз меояд: Ӯ кофар аст!
Сарбозон баланд-баланд механданд ва ҳамчунон асиронро пешопеши аспҳои хеш медавонанд.
Сарбози зинокорро аз қатор берун намекашанд ва дар баробари

пешина
аз 675
навбатӣ