Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Бухоро ва мардуми он орому осуда ба сар баранд ва кишвари хешро ободу ғанӣ гардонанд. Ин қазияро ҳам фаромӯш накунед, ба таъкид иброз намоед, ки ҳусни таваҷҷӯҳи хулафои Бағдод бо мост. Ва маҳз мо зомини амну амонати Вароруд ҳастем. Ҳар ки замимаи давлати амир Наср бинни Аҳмад бинни Асади Сомонӣ ҳаст, ӯ аз таҷовузу ғорату куштору сӯхтор эмин аст. Ба ӯ мефаҳмонед, ки бояд аморати моро бипазирад ва мо ӯро фаромӯш нахоҳем кард. Агар барои ин амр баҳонаи сарпечӣ пеш меорад, шумо пеш аз ҳама ҳаводиси моҳи рабеъ-ул-охирро, яъне тохтутози Ҳусайн бинни Тоҳири Тойиро ба ёдаш оваред. Бо ин агар қонеъ нашуд, аз ҳарбҳои Яъқуби Лайси Саффорӣ ва ҷангҳои ӯ дар Кирмону Форс ва қисмате аз Хуросон бароиш ҳикоят намоед ва дар охир таъкид кунед, ки мо, яъне Сомониён, дигар намегузорем ҳеҷ касе ба мулки Вароруд ҳуҷум оварад ва ин вилоятро хароб гардонад. Сомониён дорои ин қудрат ҳастанд ва ҳар лаҳза омодаанд. Вале боз таъкид мекунам, мо қасди ҷанг надорем, харобии Бухороро намехоҳем, агар лозим бошад, ба касе дигар иҷозаи онро намедиҳем, ки... Ё Абуфазл, боз сухан аз худи шумо намемонад. Ман ба дониш ва салоҳияти шумо умедворам. Дигар ҳар чӣ пеш ояд, Худо доност.

Шумо Абузакриё бародари азизам, сад нафар сарбозро саропо мусаллаҳ мекунед ва дар рикоби расули мо меравед. Ин сад нафар бояд шукӯҳи лашкари сомониёнро нишон диҳад. Ҳеҷ ибтикоре аз худ нишон намедиҳед. Шумо дар тамоми корҳо аз Абулфазл бинни Аҳмади Марвазӣ дастур мегиред. Ин кор густохӣ ва худсариро намепарварад. Шумо чунон рафтор мекунед, ки дар ақибгоҳатон на чорсад нафар, балки ҷилҳазора лашкар истодааст.

Яҳё: Мардуми Бухоро силоҳшӯранд. Агар тарафдорони Ҳусайн бинни Муҳаммади Хаворочӣ дар шаҳр бетартибӣ ба роҳ андозанд ва ё бишӯранд, чӣ бояд кунем?

Амир Исмоил: Аз Худованд умедворем, ки ин кор намешавад ва Худо накунад, ки рух дод, ҳеҷ ибтикоре аз худ нишон намедиҳед, то дастур ёбед. Шумо метавонед аз расули мо ва ё худи Абулҳафси Сағир дастур бигиред. Тарафдорони мо дар Бухоро ба маротиб зиёданд.

Дигар ин ки аз номаи Абулҳафси Сағир ёд намекунед. Моро вазъияти ҷорӣ ба Бухоро овардааст. Дар акси ҳол бар зидди ҳавохоҳони мо ошӯбҳо ба роҳ хоҳанд андохт ва ё ишон иғво хоҳанд кард. Дар ин масъала, умедворам, эҳтиёт

пешина
аз 675
навбатӣ