Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
мекунед. Барои ҳеҷ гуна иғво баҳонае намедиҳед. (Худ ба худ). Дар масири таърих хуни ин мардум ба ноҳақ басо рехтааст. Гӯё мо, фақат мо, қурбонии таърих будаем. Дигар бас аст. Ман омадаам, ки онро қатъ кунам. Дигар ман амини шумо ҳастам. Мо бояд қасоси худро аз дигарон бигирем...
Ҳолати Амир Исмоил билкул тағйир меёбад. Таб мекунад. Ранги рӯяш мепарад. Гӯё хаёлӣ мегӯяд.
Яҳё: Амирам хаста шудаанд. Лаҳзае роҳат кунед, то хастагиятон рафъ шавад.
Нигоҳи чашмони аз беморӣ барҷастаи Амир Исмоил ба кунҷе роҳ мебанданд. Гӯё ӯ фаросӯи ин хаймаро, балки фаросӯйи таърихро ба мушоҳида гирифтааст. Ҳеҷ ҳарфе, ҳеҷ насиҳатеро намешунавад, ба гӯшаш ҷуз ҳаю хуйи ҷангҳову сӯхторҳо чизи дигаре садо намедиҳад.
Ӯ ташнаву хаста аз миёни мурдаҳо мегузарад. Мурдаҳо аз қабрҳо хеста, домони ӯро мекашанд. Вале ӯ бо ҳамон суръат бо шамшери охта пеш меравад ва ҳар лаҳза ба такрор мегӯяд: “Ман омадам, ки шуморо наҷот диҳам! Ман омадам, ки дардҳои шуморо таскин диҳам. Ман омадам, ки ниёзҳои шуморо бароварда созам. Он Баҳроми Варҷованд манам!...“
Ва аз даруни қабрҳо, аз дуриҳои дур, аз паҳноҳо, аз осмонҳо овози ҳамхонӣ меояд. Гӯё ин суруд ҳамчун шодбошии ӯ садо медиҳад:
“Кай бувод ке ояд пайке аз Ҳиндугон,
Ки мад он Шаҳваҳром аз дудаи Каён.
Ки пеҳ аст ҳазор, абар сарон аст пилбон,
Ки оростаг дарфш доред, рад евен, ки хусравон”.*
Ва аз ҳар ҷониб он марди савори ҷангиро бо шамшери бараҳна, дурахшон дар нури хуршед, савори аспу пил, даванда ба майдон, таъқибкунанда чашмони хунгунро мебинад. Дар ҳамаи онҳо ӯ худашро мешиносад. Ва бо шаа-
*Тарҷума:
“Кай бувад, ки ояд
Пайке аз Ҳиндустон.
Ки омад он шоҳ Баҳром,
Аз дудаи Каён.
Ки пил аст ҳазор,
Бар сар аст пилбон.
Ки ороста дирафш дорад,
Ба ойини хусравон“

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё