Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ясорӣ: Або Исҳок дар деҳҳои Сафана ва Сиюнаҷ низ мулкҳо дорад.

Амир Исмоил: Он зиёҷот мулки меросии эшон аст ва ҳеҷ кас ҳаққи тасарруфи онро надорад!

Абӯисҳок Иброҳим ба амир Исмоил ва аҳли рикобаш қаноатмандона таъзим мекунад ва ишонро то беруни деҳаки Варахша гусел менамояд. Дубора ба кох бармегардад. Ҳанӯз мардуми деҳ пароканда нашудаанд ва байни ҳамдигар вазъи рӯҳдодаро ташреҳ мекунанд. Абӯисҳок ҷавонеро бо ишорати даст ба наздуш фаро мехонад.

Абӯисҳок: Фардо, дер накарда, аз субҳ молу коли коҳро ба Сафана интиқол диҳед, то омадани соҳибони нави коҳ бояд холӣ шавад. Ман ба Бухоро меравам ва баъди ду-се рӯз бармегардам.

Ҷавон: Хоҷа худашон танҳо меоянд ва ё бо аҳли хонаводаашон?

Абӯисҳок: Чаро мепурсӣ? Ба ту чӣ марбут аст!?

Ҷавон: Фақат донистан хостам, то тибқи он тайёрӣ бинам...

Абӯисҳок: Ба ғуломон супориш бидеҳ, ки кӯшки деҳи Сиюнаҷро низ барои пазириши меҳмонон омода созанд.

Ҷавон: Ба чашм, хоҷа...

Абӯисҳок бар асп менишинад, ҷавон ӯро кӯмак мекунад. Баъди рафтани хоҷа ҷавон чанд ғуломро аз миёни мардум фаро хонда, супоришҳо медиҳад. Онҳо ба ҳар тараф пароканда мешаванд.

Амир Исмоил даруни кохи хеш бо Муҳаммад бинни Нӯҳ танҳо сӯҳбат доранд.

Нӯҳ: Хоразмшоҳ боз хиёнат намуд.

Амир Исмоил: Чӣ (аз ҷояш яққа мехӯрад) хиёнат? Равшантар ҳарф бизан!

Нӯҳ: Муҳаммад бинни Амри Хоразмӣ кишварро ба амири саффорӣ таслим менамояд.

Амир Исмоил: Яъне? Чӣ тавр?!

Нӯҳ: Рофеъ бинни Ҳарсама баъди шикаст хурданаш аз Амри Лайс ва хиёнати сипоҳсолораш Мансур бинни Мухлис ва куштани Алӣ бинни Лайс ва аз тарафи ғуломонаш ғорат шудан ба Хоразм мегурезад. Муҳаммади Хоразмшоҳ ӯро дастгир ва қатл месозад ва сари буридаашро якҷоя бо Хоразм ба Амри Лайси Саффорӣ тақдим менамояд.

пешина
аз 675
навбатӣ