Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Исмоил: Чӣ густоҳӣ! Куҷост? Гӯед, биёяд.
Хоҷаи Бузург: Ҳамин ҷост.

Амир Исмоил бо давлатмардони кишвар саломкунон то ба тахтгоҳ мерасад ва бар тахт нишаста дигаронро таоруфи нишастан менамояд. Баъди нишастани давлатмардон Хоҷаи Бузург расули амир Амри Лайсро меоварад. Ӯ ду даст пеши бар амир Исмоилро таъзим мекунад ва номаро месупорад.

Расул: Амри Лайси Саффорӣ шоҳи Эронзамин Абудовуд амир Балх ва Аҳмад бинни Фарегун амири Кузкониёнро ба итоати хеш хонд ва ишон бар ин амр гардан ниҳоданд. Амир Амри Лайс бо эшон аҳдҳо некӯ кард. Амри Лайс мефармояд: “Ту бадин итоат намудан сазовортарӣ ва бузургвартарӣ ва қадри подшоҳӣ ту беҳтар донӣ, ки подшоҳзодаӣ”.

Амир Исмоил (Ба хашм): Худованди ту бад-ин нодонӣ аст, ки маро бо ишон яке мекунад ва ишон маро бандаанд. Ба амират бирасон: ҷавоби ман ба шамшер турост ва миёни ману ту ҷуз ҳарб нест. Бозгард ва ӯро хабар деҳ, то асбоби ҳарб соз кунад.

Ва номаро ба назди расули Амри Лайс мепартояд ва дигар ба ӯ эътиборе намедиҳад. Расули амири Хуросон хиҷолатзада, паснокӣ, таъзимкунон аз боргоҳ бадар меравад. Амир Исмоил аз дунболаш фарёд мезанад.

-Ироқу Хуросон ҳанӯз Эрон нест! Эрон бе Мовароуннаҳр ҳамеша ноқис аст!

Убайдуллоҳ: Зоирини хуросонӣ даъвати амиралмӯъмининро иҷбат намуда, алъон интизори иҳзори шариатпаноҳ мебошанд.

Мӯътазид ба каҳолат ва дили нохоҳам аз ҷой хеста ба қабулгоҳ меравад ва зоирони хуросониро ба истиқболи ӯ аз ҷой мехезанд ва ба ӯ намоз мебаранд.

Мӯътазид: Мо шуморо бад-он сабаб ба кохи хеш даъват намудем, то ки ниёти худро дар хусуси Билоди шарқии хилофат ба зоирини мӯҳтарам маълум гардонем. Аз ин таърих мо фармони барканор кардани Исмоил бинни Аҳмадро аз мулки Мовароуннаҳр ва интисоби Амри Лайси Саффориро ба куллии Билоди шарқии хилофат, аз он ҷумла Мовароуннаҳр тасдиқ месозем.

Ва бо аҷала толорро тарк менамояд. Убайдуллоҳ бини

пешина
аз 675
навбатӣ