Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ба шаъни амиралмуъминин ташреҳ намедиҳанд?
Амри Лайс: Бигзор, ҳар туре, ки мехоҳанд, шарҳу маънидод кунанд. Ман ниёзе ба ҳадаоғи ӯ надорам, вале ӯ ҳамаро ҳамчун худаш ҳарису тамаъкор ба моли дигарон мепиндорад.
Шаҳфур: Маншури ҳукумати Мовароуннаҳр то чӣ андоза муҳим аст. Бо дарёфти ин маншур оё амири Сомонӣ мамлакатро ба фармони ҷаноби олӣ таслим мекунад?
Амри Лайс: Муроди мо аз маншури Мовароуннаҳр кӯмаки ҳарбӣ аст. Вагарна кай будааст, ки мо аз ишон касби иҷоза кунем. Ба Бағдод расул бояд фиристод ва қатъитар маншури ҳукумати Мовароуннаҳрро такозо намуд. Агар маншурро фавран нафиристад, он гоҳ мо маҷбур мешавем худ ба қудрати зӯр Исмоил бинни Аҳмадро аз Бухоро биронем. Вале ман ин тавр сурат гирифтани ҳодисотро хоҳон нестам... Эй бани Ҳошим бо ту он кунам, ки Яъқуб накарда буд. Ва ё мехоҳӣ қасидаи ғаррои Мамшоди Исфаҳониро дубора бароят бихонам, ё ба ёдат биёварам? Гӯш кун, эй бани Ҳошим, ман зодаи бузургон аз хонадони Ҷамшед ва вориси тахту тоҷи Аҷам ҳастам. Ман зиндакунандаи он иззатам, ки аз даст рафта ва рӯзгори куҳан онро аз миён бурдааст. Ман ошкоро кинаҳои онҳо ҳастам ва толиби интиқомам. Агар ҳар касе аз ҳаққи онҳо бигзарад, ман нахоҳам гузашт. Дирафши Ковиён ҳамроҳи ман аст, ки бо он бар ҳамаи миллал сарварӣ дорам. Ба Бани Ҳошим бигӯ, пеш аз он ки пушаймон шавед, ба ҳалқи худ иқдом кунед. Зӯри найза ва шамшери охтаи мо буд, ки шуморо ба давлат расонид, падарони мо шуморо соҳиби давлату салтанат карданд. Шумо поси ҳурмати онҳоро нигоҳ надоштед ва шукри неъмат ба ҷой наёвардед. Аз ин пас Ҳиҷоз - ба сарзамини аслии худ баргард ва ба хӯрдани малаху сусмор ва чарондани гӯсфандҳое чун худхотон бипардозед. Ҳамоно ман ба зудӣ, бо неруи теғ, бар тахти подшоҳон хоҳам нишаст!...
Маҷлиси Яъқубу қироати қасидаи Мамшоди Исфаҳонӣ аз пеши назараш мегузарад, гӯё онро, ҳаводиси он рӯзгоронро, хуруҷи Абумуслиму Яъқубро, ҳарбу ғазавоти ишонро зинда пеши назар мебинад. Ва нидое ба ҳасрат аз ниҳодаш бармеояд: "Малаххорҳои бадасл! Барои зинда кардани ин иззат фақат Варазруд намерасад. Он гоҳ харобаҳои Тайсафун обод хоҳанд шуд..." Аҳли дарбор ба даҳон об гирифтаанд ва чун муҷримон сар афкандаанд. Касе чуръати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё