Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Аҳмади Дароз: Ҳар кас аз амали худ мебинад.

Алӣ бинни Аҳмад: Инҳо, ки ба мо ҳарб карданд, амирам, онҳоро ҳилъат медиҳанд ва бозпас мефиристанд?!

Амир Исмоил: Аз ин бечорагон боз чӣ мехоҳед? Бимонед ба хонаҳои худ бираванд. Дигар ҳаргиз ба ҳарби шумо боз наёанд. Ононе, ки асир нашудаанд, дил табоҳ кунанд...

Абуҳотами Ясорӣ: Амирам, кӣ кафолат медиҳад, ки ишон баъди бозгаштан ба мақарри худ боз ба ҳарби мо наёанд?

Амир Исмоил: Таҷрибаи талхи ҷанги ҳамватанӣ! Ба тамоми сипоҳи мо бирасонед, ба асирон аз сари хашм озор нарасонанд, бо ишон меҳрубон бошанд, ба сутури ишон алуфа бидиҳанд. Зиёне ба ҷону моли мардуми шаҳр нарасонанд...

Байни посбонон мағал мехезад. Онҳо Ашнаси ғуломро боздоштаанд ва ба гуфтораш бовар надоранд.

... Бифаҳмед, чӣ ғавғост.

Посбоне ба шитоб меояд ва иброз мекунад.

Посбон: Туркеро боз доштаем ва ӯ иддао мекунад, ки расул аз ҷониби амиралмӯъминин аст ва паёме ба амирам овардааст.

Амир Исмоил: Ӯро биёред.

Посбон меравад ва Ашнасро меоварад. Ашнас бо ҳузур ёфтани худро ба пойи амир Исмоил партофтани мешавад, вале амир монеъ мешавад.

Амир Исмоил: Ашнас!... Ин Ашнас аст...

Ашнас аз ҳаяҷон ба риққат меояд ва ҳарф задан наметавонад.

Амир Исмоил: Ором гир... Марди болиғ шудаӣ?... Вақте ӯро ба Бағдод фиристодем як наврас буд... Замон тез мегузарад...

Ашнас бо чашмони ҳайратзадаву бо вазъи ҳаяҷон ба амир менигараду менигарад ва гӯё чизе ба хотираш омада бошад, якқа мехӯрад ва аз ҷайбаш номаи халифаро бароварда ба амир Исмоил дароз мекунад. Амир номаро мехонад ва рангаш тағйир меёбад. Ба хашм номаро ба як сӯ мепартояд.

Амир Исмоил: “Мо дасти ту кӯтоҳ накардем з-он амал, ки кардем...” (Ҳузури дигаронро фаромӯш мекунад) Ҳар чӣ мехоҳӣ бикун, вале мо аз муддаии ту пуштибонӣ менамоем! Бехаё! Кишвари Варазруд гӯё мероси падараш бошад! Онро ба амири Саффорӣ мебахшад! Боз моро миннатдор

пешина
аз 675
навбатӣ