Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Муҳаммади Лайс: Қудрати ҷангии амир Исмоил шинохта нашуда буд. Мо бо ӯ тибқи усулҳои маъмули хеш муносибат намудем. Вале ӯ зирак будааст...
Амри Лайс: Дафъ шав аз назарам! Палид!
Муҳаммади Лайс: Ман меравам, вале намешавад сифатҳои писандидаи ӯ ва лашкарашро нодида гирифт. Ӯ бо тамоми усаро меҳрубонӣ намуд, ҳилъат дод ва бе фидя раҳо сохт. Мо ҳеҷ гоҳ чунин накардаем.
Амри Лайс: Дафъ шав! Ӯро дафъ кунед!
Ду сарбоз ворид мешаванд, вале Муҳаммади Лайс бе даҳолати ишон Амри Лайс ва Азҳарро тарк мекунад.
Амри Лайс: Душмани доно ба чӣ корҳое қодир аст! Ҳатто фарзанди моро ба тарафи худ кашидааст! Онҳоро ба зиндон партоед!
Азҳар: Амирам!
Амри Лайс: Чӣ амирам?
Азҳар: Лашкарро бар худ душман магардонед!
Амри Лайс: Мо ин ҷалолро бо қудрати зӯр ба даст овардаем ва аз шамшери худ миннатдор ҳастем. Агар амири сомонӣ гумон мекунад, ки бо ин тадбир моро барканор месозад, хато мекунад! Бе диранг онҳоро ба зиндон партоед. Мо қудрати шамшери худро нишон хоҳем дод! (Меандешад) “Агар Мӯътазид хиёнат накунад...” Аз Бағдод чӣ хабар?
Азҳар: Корвони халифа дар роҳ аст. Дам ба дам мерасад.
Дар чашмони амир Амри Лайс умед барқ мезанад.
Амри Лайс: Дар роҳҳо посбонҳо бигузоред, то барои зудтар расониданаш дар роҳ монеаҳои сунъӣ эҷод нашаванд. Ҳеҷ касро ба назди ман нафиристед. Ман имрӯз фақат расули амиралмӯъмининро интизорам...
Билол бинни Азҳар меравад. Амри Лайс ба назди панҷара меояд ва ба дурҳо, гӯё ба сӯйи Бағдод менигарад. Осмони Нишобур аз лаққаҳои абр пӯшида шудааст.
Корвони ҳадоёи халифа вориди Нишопур мешавад.
Даҳ асп бо зину ситоми заррин. Ва якеро зину лагом ва ситом заррину мурассаъ ба ёқуту марворид ба ҷавоҳир ва чаҳор дасту пойи ӯ наъли зарин баста, пешопеш ва аз дунболи аспон шутурҳои бисёр бо сандуқҳо. Ҷаъфари ходим дар раъси корвон, посбонон аз дунбол... то ба майдони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё