Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
менамояд ва ӯро андаруни кушк мефиристад.
Ҳоҷиб ба назди амир Исмоил меравад. Амир Исмоил бо бузургони сипоҳи хеш нишастааст ва перомуни масъалаҳои ҷории худ сӯҳбат доранд. Бо ворид шудани ҳоҷиб онҳо хомӯш мешаванд ва ҷониби ӯ менигаранд. Ҳоҷиб таъзим менамояд.
Ҳоҷиб: Амирам бузургони шаҳр ба зиёрат омадаанд...
Амир Исмоил: Бигӯ, дигар замон биёянд.
Ҳоҷиб: Исрор меварзанд, ки мушкиле доранд ба назди шоҳам, ки таъхир намепазирад.
Амир Исмоил: Бигзор дароянд.
Пас аз лаҳзае бузургони шаҳри Ҳирот назди амир Исмоил ҳузур меёбанд. Бо дидани ишон амири сомонӣ аз ҷой бархоста, чанд гоме пешвозашон меравад. Бузургони шаҳр дар баробари ин фотеҳи одил замин мебӯсанд. Ӯ мехоҳад монеи чунин амали ишон шавад, вале дер шуда буд ва ноилоҷ пирамардеро аз хоки зиллат бармедорад.
Амир Исмоил: Хуб нест... Бифармоед...
Пирамард каф ба китфони амир кашида, бар дидагонаш мемолад. Ва нафас рост мекунад.
Пирамард: Сояи адли шоҳам бар раоё ҷовидона бод!
Амир Исмоил: Бифармоед...
Ва пирамардро боло мешинонад ва ёронаш поинтар дар бари бузургони сипоҳ ҷой мегиранд.
Пирамард: Сад ҳазор ҷони раоёи ин шаҳр фидои ҷони шоҳи ҷаҳон бод! Мо аз баҳри амон омадаем.
Амир Исмоил бо тааҷҷуб ба сарони лашкараш менигарад. Ишон низ дар тааҷҷуб мемонанд.
Амир Исмоил: Магар аз мо ба ишон зулме расидааст? Мо ҳанӯз аз мардуми шаҳр чизе талаб накардаем, ҳарчанд метавонем...
Пирамард: Умри шоҳам ҷовидон бод, мардум аз вуруди лашкари фотеҳи шоҳам сари мӯ зиёне надидаанд, вале...
Амир Исмоил: “Вале” чӣ?
Пирамард: ...вале мардум бим доранд ва аз ғорату чаповали доимӣ ба сутӯҳ омадаанд, аз ин рӯ аз шоҳам амон мехоҳанд.
Абӯисҳоқ: Бо вуҷуди он, ки ба сипоҳиёни мо кӯмаке намекунанд ва ҳатто назари душманона доранд?...
Амир Исмоил: Оре, дуруст аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё