Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
шуда?! Ҳама ҷаҳонро маълум аст, ки шумо рӯйгарбачагонед! Ду-се рӯзе худованд саодате, ки ба ҳақиқат айни шақоват бувад, мусоидати шумо карду дар ҷаҳон истилло ёфтед ва ба зӯри зулму ҷавр амволи мардуми бечора ҳосил кардед. Мазлумае, ки аз ин амвол дар гардани шумост, мехоҳӣ, ки ба санъат дар гардани ман афғанӣ? Ман аз онҳо нестам, ки ин бозӣ биҳарам... Ва ҷавоби ҳама фардо пеши худи таоло шуморо мебояд дод ва ба ҷуз ӯ подош чашидан. Ту зиракӣ, мехоҳӣ, ки ин бор бар гардани ман кунӣ, то чун фардо дар рӯзи Ҳисоб мазлумон гиребонгири шумо бигарданд ки моли мо ба ноҳақ аз мо ситондаед, боз диҳед, бигӯед: “Ҳар чӣ ситондем, ба Исмоил додем. Аз ӯ талаб кунед, ки ман тоқати ҷавоби онон надорам” Ва ба Абуюсуф Яъқуб бирасон, ки ин хаёли хом аз сар бадар кунад ва ба Амри Лайс қурбат наҷӯяд, ки ин бозӣ басо хатарнок аст... (Бозубандро назди Абугоним мепартояд). Чаро карахт нишастаӣ? Бархезу бирав!
Абугоним Ҳомид (ҳанӯз ки ҳайраташ фурӯ нанишастааст): Ман ҳеҷ намефаҳмам....Охир, ин... Не,чизе намефаҳмам...
Амир Исмоил: Ту ҳанӯз тифл боқӣ мондай. Ба саодати ту ҳасад мебарам.
Абугоним Ҳомид: Рост мегӯям. Ман ҳеҷ намефаҳмам. Охир ӯ ....
Амир Исмоил: Бародарат Абуюсуф бо Амр мехоҳанд ба ин васила моро ба худ мутамоил гардонанд, то мо бо Амри Лайс иттиҳод бандем.
Абугоним Ҳомид: Магар ин кори бад аст?
Амир Исмоил: Шояд даҳ сол пештар мехостам, вале он замон шароит ба ин сурат набуд. Ва имрӯз шароит мусоид аст, вале ман дигар намехоҳам.
Абугоним Ҳомид: Охир, як замоне амирам ҳамчунон орзуе доштанд, ки ба кишвар ҷалолати аздастрафтаашро баргардонанд.
Амир Исмоил: Хаста шудаам. Ин иттиҳод оғози нооромиҳои тоза ба тоза хоҳад буд. Ман дигар намехоҳам. Ман хаста шудаам. Мардум хаста шудааст.
Абугоним Ҳомид: Рой ройи амирам аст. Ман фақат намехоҳам боре бародарамро мутаассиф бинам.
Амир Исмоил: Ин дунё барои осоиши ҳама кифоят мекунад ва аз сари ҳама ҳам мемонад. Акнун бирав. Ба Абуюсуф

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё