Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
-Алҳол барои сайидзода хонаи муносиб пайдо бинамоед ва муҳоричашонро низ аз байтулмол муайян хоҳем намуд.
Зайд: Адолати амирам дар ҳаққи банда беандоза аст. Бисёр шунида будам ва имрӯз аён мебинам.
Амир Исмоил: Ҳар он чӣ дар бораи амир ё шоҳ мегӯянд, ба тамҷид аст, ғулув аст, ба он бовар намекунед. Шоҳон ба мисли оташанд: қурбашону ғурбаташон бисӯзонад. Аз ин рӯст, ки мегӯянд: Меҳру кинаашон яксон аст.
Зайд: Бигзор ҳар чӣ гӯянд, мо амири хешро шинохтаем. Ва аз сабабҳои ин ҷо монданам ҳам амираманд.
Амир Исмоил: Агар сайид солиён назди мо биншинанд суханашон тамҷид барояд ва сухани ба тамҷид касро ғофил гардонад ва аз ин рӯ гуфтаанд, ки ҳаром аст. Сайидзода хеле кӯфти роҳ бардоштаанд ва ҷароҳаташон дар сӯғи падар хунҷакон аст. Хуб мешуд ишон ба гармоба мерафтанд ва истироҳат менамуданд. Сӯҳбати мо ба ҷое намегурезад. Умедворам ишонро ҳамеша хоҳам дид.
Амир Исмоил Абулҳусайни Зайдро то назди дар гусел мекунад ва дар фарҷом мегӯяд:
-Умедворам, ба таври доимӣ аз сӯҳбати шумо баҳравар хоҳам шуд.
Зайд (шӯхиомез, вале маълум аст, ки дар ҳузури шоҳ одоби муоширатро риоя менамояд): Амирам дар нисбати ман ғулув мекунанд... Мо мӯҳтоҷи сӯҳбати пурбаракати ҷаноб ҳастем.
Амир Исмоил ғамгинона лабханд мезанад. Абулҳусаини Зайд таъзим намуда, бо ҳоҷиби сарой баромада меравад ва амир Исмоил ба ҷойи хеш бармегардад.
Амир Исмоил: Ба ин қабоҳат кушта шудани Муҳаммади Зайд дар саросари олами ислом инзиҷор ба амал меоварад! Тамоми кори давлатдории моро хатти батлон мекашад. Кулли шайъин арҷаъа ило аслиҳӣ. Таррор таррорияшро кард. Тадбир чист? Ин тари ӯро кӣ хушк мекунад?
Хоҷаи Бузург: Худаш. Минтақаро хуб медонад, мардумонашро хуб мешиносад.
Амир Исмоил: Боз ҳамон!
Нӯҳ: Хоҷаи Бузург дуруст мегӯянд, алҳол барои ин минтақа аз вай воридтар касеро надорем. Бо ирсоли шахси дигар метавон харҷу марҷро тезонд.
Амир Исмоил: Кӣ кафолат медиҳад, ки ӯ аз ин бадтар накунад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо