Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Нӯҳ: Шоҳам, ман дар ин амал ҳеҷ қабоҳат намебинам. Донии алавӣ сазовори амалаш ҷазо гирифт.

Амир Исмоил (бо хашм омада): Магар моро бо Язид дар як саф гузоштан ин қабоҳат нест?!

Нӯҳ: Бар мардум зулм кардан, молу мулки ишонро ситонидан, ба номуси ишон дастдарозӣ намудан ҳам қабоҳат аст. Мо мардумро аз золиме раҳо кардаем.

Амир Исмоил: Ва золими дигареро ба ҷойи ӯ гузоштаем!

Нӯҳ: Алҳол ӯ зарур аст. Вале ҳамеша аз ӯ бохабар бояд буд.

Амир Исмоил: Аз ӯ шак доред?

Нӯҳ: Аз ӯ ҳар бало сар заданаш мумкин аст. Аз бало ҳазар гуфтаанд. Вале имрӯз ӯ зарур аст.

Амир Исмоил: Э хушо ба ҳоли мо! Дар як мамлакати бузург як нафари сазовор наёбӣ? Бигзор ин бор ҳам ба гуфти шумо шавад! Маншури ҳукумати Табаристонро барояш бифиристед, вале зинҳораш диҳед. Ман намехоҳам дигар аз ӯ дардисарҳое дошта бошам. Э кош, саидзода қабул мекард...

Дигар Давлати Сомонӣ то шимол имтидод ёфта буд ва Муҳаммад Ҳоруни Сараҳсӣ лаззати ҳукумат мечашид. Ва халифаи Бағдод Мӯътазид аз марги салафи хеш Муҳаммад Зайди алавӣ аз муддаиёни ҷалолати халофат андӯҳгин шуда буд ва дар ивази сари бетани Доии Гургону Табаристон сари равон тақозо менамуд:
“Ман Абуабдуллоҳ бинн- ал-Имом Абилаббос ал-Мӯътазид биллоҳ амиралмӯъминин ило Абоиброҳим Исмоил бинни Аҳмад мавлии амиралмӯъминин..”

Ӯ каломи “мавло”-ро ба таъкид набишта буд.
“Амрро бифирист!..”

Аз ин хунбаҳо амир Исмоил андӯҳгин буду тадбир меҷуст. Озодагон кай хилофи ваъдаи хеш амал кунанд?!! Онҳо ҳастанд, ки хилофат ба зиёдат мекунанд. Бо сипарӣ шудани садсолаҳо ҳанӯз дунболаи аспи афтодаашон медаванд. Ҳанӯз худовандро моли маврусии хеш мешуморанд ва ҳамчун зимоми қудрат бақои худро таъмин менамоянд. Онро ба минбари хостаҳои ғаризии хеш табдил додаанд. Худоё, худовандо ман ниёиш ба шукронаи ту мекунам

пешина
аз 675
навбатӣ